Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

По холму сбегают вниз пески Аму, Так парча ложится под ноги, нежна.
Лишь до стремени доходит, клокоча, Встрече радуясь, Джейхуна быстрина.
Возликуй, о, Бухара, к тебе эмир Едет радостно и гонит скакуна!
Царь – луна, а Бухара – небесный свод, Быстро в небе поднимается луна.
Царь – высокий кипарис, а Бухара – Сад, в который он вернется, где – весна.
Тарҷумаи М. Синелников
Тааммуқ дар сари ин чаҳор пора шеър, ки аз ҷониби мутарҷимони пуртаҷриба анҷом ёфтааст, ба хулосае меорад, ки тарҷума ҳаргиз наметавонад бо нусхаи асл комилан мусовӣ бошад. Барои санҷишу қиёс бо матни ғазали Рўдакӣ меъёрҳои зеринро ба назар мегирем:

  1. Рўҳия ва зарбу оҳанги шеър; 2) Риояи қофия ва радиф; 3) Мувофиқати маъноии байтҳо ва мисраъҳои тоҷикӣ ба русӣ; 4) Саҳеҳии муодилҳои тоҷикӣ ва русӣ; 5) Мувофиқати овоӣ.
    Дар матни асл матлаби шоир бозгўи ҳолати амир аст, ки дилаш ногаҳон ба ёди Бухоро гум задааст. Мўҷиби сар задани ин ҳол ба машом расидани бўи ҷўи Мулиён ва ёди ёри меҳрубон аст. Мутарҷим Сетсилия Бону ин маъниро чунин баён кардааст:
    Чаруют струи Мулиана снова,
    Душа стремится к той желанной снова.
    Бону «боди ҷўи Мулиён»-ро «струи Мулиана» ва «ояд ҳаме»-ро «чарует... снова» тарҷума кардааст, ки зоҳиран аз матлаб чандон дур нест, ҳарчанд ки дар ғазали тоҷикӣ боди ҷўй ба машом расида ёди ёрро бедор мекунад. Дар тарҷума ба ҷои «бод» «струя», яъне, фавра омадааст. Мисраи дувуми матни тоҷикӣ «Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме» – ба русӣ «Душа стремится к той, желанной, снова» тарҷума шудааст, ки баргардони он ба тоҷикӣ «ҷон ба сўи он ёри дилхоҳ боз майл дорад» мешавад.
пешина
аз 500
навбатӣ