Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар Аврупо аввалин ишораҳо ба Рўдакӣ дар навиштаҳои олимони франсавӣ Амеде Журден, Луи Дюбо, донишманди австриягӣ Хаммер Пургштал ва пажўҳишгари олмонӣ Ҳ. Эте ба мушоҳида омадаанд. Аз ин миён Ҳерман Эте, ки соли 1873 мақолае бо номи «Рўдакӣ – шоири Сомониён» ба табъ расидонидааст, аз 23 маъхаз истифода бурда, дар асари худ аз мушкилоти рўдакишиносӣ ҳарф задааст.
Таҳқиқи тарҷумаҳои русии ашъори Рўдакӣ ошкор намуд, ки то имрўз аксари шеърҳои устод ба русӣ баргардон шуда, баъзе шеърҳо якчанд тарҷума доранд.
Масалан, қасидаи «Модари май»-ро се мутарҷим, ғазали «Боди ҷўи Мулиён»-ро чаҳор, қасидаи «Шикоят аз пирӣ»- ро се нафар ба забони русӣ баргардонидаанд.
Тарҷумаи ашъори Рўдакиро асосан се нафар мутарҷимон – С. И. Липкин, В. В. Левик ва Т. Стрешнева анҷом додаанд. Мутарҷимони дигар В. Державин, Л. Озеров, Сесилия Бону, И. Селвинский, В. Синелников низ як миқдор шеърҳоро ба забони русӣ баргардонидаанд. Аз он ҷумла Л. Озеров 6 рубоӣ, Сесилия Бону 3 ғазал, 4 қитъа, 3 рубоӣ, 1 муаммо, И. Селвинский ва М. Синелников танҳо ғазали «Боди ҷўи Мўлиён ояд ҳаме», В. Державин қасидаи «Модари май» ва якчанд рубоиро тарҷума кардаанд.
Барои гирдоварии намунаҳои беҳтарини кори мутарҷимон зарур аст, ки маҷмўаҳои русии шоир, ки то имрўз рўи чопро дидаанд, ба таҳқиқ кашида шаванд. Қобили зикр аст, ки то ҳол маҷмўаҳои зерини Рўдакӣ ба забони русӣ интишор ёфтаанд:
- Рудаки. Перевод с таджикского В. Левика и С. Липкина.– Сталинабад: Таджикгосиздат, 1958.
- Рудаки. Стихи. Редакция и комментарии И. С. Брагинского / Составитель Д. С. Комиссаров / Перевод В. В. Левика и С. И. Липкина.–Москва: Наука, 1964.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё