Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

БОЗТОБИ ЗАМОН ВА САРНАВИШТИ ИНСОН
Султонов Ш. М. Ёддоштҳои зиёии шўравӣ.–
Хуҷанд: Хуросон, 2014.
Гоҳе бехабарон чунин мепиндоранд, ки ёддоштнигорӣ кори саҳлу сода аст, зеро нависанда ҳар чи дидаву шунидааст, ба қалам медиҳад ва эҳтиёҷ ба қиссабофиву чеҳранигорӣ надорад. Аммо дар асл ёддошт мушкилтарин жанри адабиву публитсистист, зеро маҳз тавассути он вусъати назар ва андешаву афкор, масоҳату ҳаҷми рўҳи нигоранда таҷассум меёбад ва маълум мешавад, ки ў чӣ зиндагие аз сар гузаронидаву чӣ талхиву шириниҳоро дар ҳаёт чашида, чӣ бардоштҳое аз дидаву шунидаҳои худ ба ҳосил овардааст ва ниҳоят, ин хотироти ў чӣ суде барои хонанда хоҳад дошт. Азбаски дар ин навъи осор қаҳрамони асосӣ шахсияти гўянда аст ва ҳарчи тасвир меёбад, нақше аз ҷаҳони ботинии муаллиф дорад, тамоми кўшишҳои нависанда барои тағйир додани моҳияти воқеаву ҳодисот ва обу ранги дигар бахшидан ба онҳо маъмулан ба бетавфиқӣ анҷом меёбад. Сабаб он аст, ки муаллиф бидуни ихтиёр аз паси сатрҳо чеҳраи воқеии худро менамоёнад, бинобар ин, ў бо хоҳиши худ наметавонад беҳтар аз он ки ҳаст, симои худро ба ҷилва диҳад.
Зимнан қобили зикр аст, ки шахси ровӣ дар асари ёддоштӣ бояд як нафари хеле пурмутолиаву ҷаҳондида ва пуртаҷриба бошад, зеро барои хонанда на танҳо воқеаву ҳодисоти замони зиндагӣ, балки таҷриба ва назари шахсии ў низ аҳамияти фавқулъода дорад. Агар дар паси сатрҳо як инсони фурўмояву камзарф қарор дошта бошад, хонандаи хушзавқ баъди мутолиаи чанд саҳифаи аввал майли боз кардани сафаҳоти дигарро гум мекунад.
Аз ин нуқтаи назар, китоби профессор Шукур Султонов «Ёддоштҳои зиёии шўравӣ» воқеан асари хонданист, зеро муаллиф зиндагии пурборе ба сар бурдаву таҷрибаи ғании рўзгор ба даст овардааст ва ҳарфҳои гуфтании зиёде ба муосирону пасовандон дорад. Дар зинаи ҳаштодсолагӣ нишаста, китоби зиндагиро дубора варақ гардонидан ва дар ҳошияҳои ҳар сафҳаи он роҷеъ ба моҳияти он рўзгор изҳори назар намудан ва таҷрибаи худро бо хонанда самимиву ошкоро ва бедурўғу бериё ба миён гузоштан кори савобу пураҳамият аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор