Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ҷонбозиҳои М. Шукуров, М. Осимӣ, М. Олимпур ва даҳҳо зиёиёни дигар барои забони давлатӣ шудани забони тоҷикӣ, кўшишҳои паёпай баҳри пайванди халқҳои форсизабони ҷаҳон, аз як тараф, ва қувват гирифтани ҳаракату ҳизбҳои мухталиф барои ба даст овардани ҳокимият, ба ҳам даромехтани сиёсату дин, оғози ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон ва оқибатҳои хунини он, аз тарафи дигар, мўҳтавои чанд боби дигари асарро ташкил додааст.
Дар радифи ин ҳодисот Моника Витлок аз зиндагӣ ва фаъолияти сиёсиву ҳизбии Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Акбари Тўраҷонзода, инчунин воқеаҳои сиёсии Афғонистон, вуруди артиши Русия ба ин кишвар, ба сари ҳокимияти шўравӣ омадани Горбачёв, бозсозӣ дар мамлакати Шўравӣ, истиқлолияти ҷумҳуриҳо, хуруҷи афсарони рус аз Афғонистон, ҳаракати толибон дар ин кишвар, воқеаҳои сиёсӣ дар Ўзбекистон, таркиш дар назди бинои Вазорати корҳои дохилӣ, нерў гирифтани ҳаракати ҳизб-ут-таҳрир ва ғайра ёдовар мешавад.
Аз сари давлат ба тариқи иҷборӣ рафтани Р. Набиев, талошҳои президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон барои таҳкими сулҳ ва ҳаёти осоишта дар кишвар дар бобҳои охири китоб ба қалам омадааст.
Таъсири гирудорҳои айём ба сарнавишти қаҳрамонҳои марказии асар лобалои он идома меёбад.
Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ баъди бозгашт аз маҳбасҳо ва фирорҳо ба Душанбе ба масҷиди Яъқуби Чархӣ ба кор меояд ва боқии умрро дар ин шаҳри ободу сабз гузаронида, соли 1989 дар синни 97 - солагӣ аз олам чашм мепўшад.
М. Шакурӣ ба ҳайси адабиётшиносони варзида иштиҳор меёбад, барои рушди забони миллӣ ва тозагии он ва, дар робита бо ин масъала, роҷеъ ба худогоҳии милливу хештаншиносӣ ва ислоҳоти раванди таълим дар Тоҷикистон рисолаҳо иншо мекунад. Аммо дилаш ҳамеша ба ёди Бухоро гум мезанад. Ҳанўз соли 1947, ҳини сафар ба ин шаҳр онро хеле дигар дармеёбад ба ҷои мадраса – мағоза, хокҷои падар – бесоҳибу валангор. Имрўз М. Шакурӣ дигар дар сар хаёли бозгаштро ба он шаҳри азизи кўдакӣ надорад, зеро ба ҷуз муҷассамаҳои ёдгорӣ дигар ҳама чиз дар он тағйр пазируфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор