Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ё худ лаҳзаи дигаре, ки дар ин китоб ҳикоят шудааст, дар навбати нон соатҳо истодани Муҳаммадҷони 7-сола ва бо баҳонаи коргар набудани волидайнаш бебарор баргаштани ўро бозгў мекунад.
Ба қавли муаллиф, оғози солҳои 30-юми асри ХХ ҳар шахси соҳибкитоб, ки аз таълимоти суннатӣ бархурдор буд, мухолифи шўравӣ ба ҳисоб мерафт ва ба таъқиб гирифтор мегашт. Бо гуноҳи босаводӣ Садри Зиё ба зиндон кашида шуд ва дар маҳбас вафот кард. Баъди як сол ҳамсараш низ аз дунё чашм пўшид ва тарбияи Муҳаммадҷонро амакаш Авҳадӣ бар ўҳда гирифт. Аммо, чанде нагузашта, ўро низ бо баҳонаи он ки аз Афғонистон мактуб гирифтааст, ба маҳкама кашиданд ва Муҳаммадҷони 14-сола ҳамроҳи аммааш ба Тоҷикистон омад.
Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ низ ҳамчун душмани халқ ба маҳбас афтод. Баъди озод шудан ў ба фабрикаи бофандагӣ ба кор омад, вале боз ҳам ҷосусаш пиндоштанд ва ў рў ба ҷониби Ангрен ва баъдан ба Тошканд фирор намуд. Ба қавли муаллиф, дар ин давра ҷаҳон бо суръати кайҳонӣ тағйир меёфт.
Соли 1937 барои мардуми Осиёи Марказӣ низ пурфоҷиа буд.
Полисҳо хонаи Муҳаммадҷони Ҳундустониро кофтуков намуда, китобҳояшро мусодира карданд ва худашро ба Свердловск бадарға намуданд.
Муаллиф кўшидааст, ки барои инъикоси ростини ҳаёти мардум хотироти шоҳидонро ба кўмак гирад. Чунончи, Қодир-бобои ўзбек ба ёд меорад, ки ҳукумати шўравӣ замин ва молу мулки мардумро мусодира мекард ва одамон маҷбур буданд, ки ин ҳама зўровариро таҳаммул намоянд. Ё худ Илҳома ном зани ўзбек нақл мекунад, ки боре нимашаб касе дари онҳоро ханҷол кард ва субҳдам, вақте дарро боз карданд, дар паси он ҷасади мардеро пайдо намуданд.
Аз гуруснагӣ гўшти харро хўрдани одамон низ чун нишоне аз зиндагии қашшоқонаи мардум дар он солҳо ба қалам омадааст.
Аммо дар баробари мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ муаллифи асар аз муваффақиятҳои ҳайратовар ва босуръати шўравиён низ ёд мекунад. Чунончи, дар боби 4 китоб «Шаҳре, ки Душанбе ном дорад» Моника Витлок сохтмони шаҳр, пайдо шудани мошинҳои аввалин, таҳияи филми нахустини ҳуҷҷатӣ, кушода шудани роҳи оҳан, ҷумҳурии мустакил шудани Тоҷикистонро инъикос намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор