Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба хотири вуруд ба таърихи куҳандиёри тоҷикон ва рўзгори моқабли афғонҳову ўзбекҳо муаллиф ба воқеоти соли 622 – аз замони тасарруфи Осиёи Марказӣ аз ҷониби арабҳо ва интишори дини ислом то давраи ҳокимияти Русия дар ин марз нигоҳи шитобзадае меафканад.
Дар ин қисмати асар нигоранда аз расму оин ва суннатҳои таърихии тоҷикон ёд мекунад ва мавқеи шеъру шоирро дар ин марзи суханпарвару шоирхез таъкид менамояд.
Зимни пешгуфтори китоб муаллиф ҳамчунин таърихи муфассали Мовароуннаҳрро аз соли 1909 аз замоне, ки дар Тошканд нуфуси русҳо ба 12000 расида ва ҷунбишҳои инқилобӣ рўзафзун авҷ мегирифтанд, оғоз мебахшад.
Пешгуфтор бо нақли кўтоҳ аз шахсияти ду нафаре, ки дар тўли зиндагӣ ҳамдигарро ҳаргиз надидаанд, вале шабоҳате дар қисмат доранд, поён мепазирад. Яке аз онҳо Муҳаммадҷон Рустамов, донишманди исломшинос, писари деҳқони ўзбек аз Қўқанд аст, ки бо тахаллуси Ҳиндустонӣ шўҳрат ёфтааст. Ва нафари дувум – Садри Зиёи Бухороӣ, тазкиранигор ва нависандаи тоҷик, ки забонҳои ўзбекӣ ва русиро низ медонист. Ў аз шахсиятҳои камшуморе буд, ки ба воқеаҳои инқилоб назари хос дошта, барои таҳлили ин ҳодисот билотаъхир сайъ намудааст. Тақдири фарзандони Муҳаммадҷони Ҳиндустониву Садри Зиё ба гунаи мухталиф сурат гирифтааст, яке боғбон ва дигаре академики АИ Тоҷикистон шуданд. Вале, бо вуҷуди ин ҳама тафовут, аз нигоҳи муаллифи асар қаробате дар сарнавишту рўзгори ин афрод ба назар мерасад, ки аз ягонагии муҳити таърихиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ бармеояд.
Дар боби аввали асар муаллиф шарҳи ҳоли қаҳрамонҳои марказии худро идома дода, аз овони кўдакии Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ ҳикоя мекунад. Муҳаммадҷон соли 1892 дар деҳаи Чорбоғи Қўқанд ба дунё меояд. Падари ў марди нодор, вале босаводе буда, вазифаи муллои деҳаро иҷро мекард. То синни ҳаштсолагӣ ў дар деҳа савод меомўзад, баъдан барои таҳсил ба Қўқанд ва аз он ҷо ба мадрасаи Бухоро сафар мекунад.
Айнан дар ҳамин давра вазифаи қозикалонии Бухороро Садри Зиё бар ўҳда дошт. Ҳанўз дар солҳои 1888-1889 Садри Зиё ба таълифи «Рўзнома» сар карда, барои дастгирии ҷавонони болаёқат кўшиши зиёд ба харҷ медод.

пешина
аз 500
навбатӣ