Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

- Як сабаби тавфиқи асари бадеӣ маъмулан бедор кардани эҳсоси муҳаббати хонанда ба қаҳрамони марказӣ аст ва беҳтарин роҳ дар ин самт шиносоӣ бо андешаву афкор ва ҷаҳони ботинии ўст. Аммо чунин имконе барои шинохтани Темурмалик дар асари мазкур мавҷуд нест. Ба назар чунин менамояд, ки нависанда рисолати худро бештар дар воқеапардозӣ дидааст.
Аз замони ҷаҳонгириву хунрезиҳои муғул то имрўз таърихи ҳаводиси он айём дар осори мухталифе, амсоли таълифоти ан-Насавӣ, Атоуллоҳи Ҷувайнӣ, Рашидаддин, Фазлуллоҳ Шабонкороӣ, Шарафиддини Яздӣ, Улуғбек, Мирхонд, Хондамир сабт шуда ва дар даврони муосир диловарии ин сипаҳсолори бузург мавриди ситоиши аҳли адаб қарор гирифтааст.
Очерки адабӣ-таърихии Садриддин Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», драмаи Сотим Улуғзода «Темурмалик», ҳикояи Раҳим Ҷалил «Нақши Темурмалик», манзумаи Ҳақназар Ғоиб «Темурмалик», романи нависандаи рус Василий Ян «Чингизхон», романи адиби ўзбек Мирмўҳсин «Хуҷанд қалъаси», манзумаи шоири эронӣ Сарбоз «Темурмалик» ҳама аз қаҳрамониҳои ин шермарди диёр ҳикоят мекунанд.
Баъзе масоили баҳсбарангезе, ки дар ин осор ҷой доранд, аз ҷониби донишмандони муосир ба миён кашида шудаанд ва мавриди интиқод қарор гирифтаанд. Ҳамин таваҷҷўҳи аҳли илму адаб ва як идда масоили ҳанўз баҳснок водор намуд, ки рисолае бо номи «Ҳафт хони Темурмалик» аз ҷониби олими маъруфи тоҷик Назирҷон Турсунов роҷеъ ба корномаву пайкори ин сипаҳсолори номвар таълиф гардад.
Нависандаи эронӣ Неъматуллоҳи Қозӣ аз миёни ҳазорон воқеаву ҳаводиси айёми тунду хуношоми давраи ҳамлаи муғул ва садҳо чеҳраҳои тобноки таърих дар гўшае хеле дур аз шаҳри Хуҷанд аз корномаҳои амири ин шаҳри бостонӣ, аз диловарии хуҷандиён, аз ҳунари ҷанговарии мудофеони Ватан бо камоли дилбохтагӣ ёд кардааст. Бинобар ин, ҳарчанд Темурмалики Неъматуллоҳи Қозӣ аз тасаввури мо мутафовит аст, мушаххасоти бадеии асар имкон медиҳад, ки аз ин адиб ва қаҳрамонҳои романи ўро бори дигар ёд кунем.
Соли 2005

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор