Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бондарев, А. Чаковский, А. Кулаковский, А. Адамович, Л.
Первомайский, В. Бакланов, В. Быков, Б. Василев, В. Астафев, И. Шемякин ва дигарон перомуни воқеаҳои даҳшатноки Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуда, асарҳои Фотеҳ Ниёзӣ маҷмўаи ҳикояҳои «Интиқоми тоҷик», романҳои «Вафо» ва «Ҳар беша гумон мабар, ки холист»-ро ҳамчун намунаи беҳтарини насри тоҷик дар мавзўи ҷанг ба қалам меорад ва доир ба бардошти адиби муосир Меҳмон Бахтӣ аз мактаби нависандагони номвари пешин мулоҳизаҳои хешро рўи сафҳа меорад.
Як хусусияти ҷолиби таълифоти профессор Атахон Сайфуллоев дар он ифода меёбад, ки ў ҳини номгузории фаслу бобҳо саъй мекунад, ки муҳимтарин матолиби марбут ба осори адибонро тавассути таркибҳои мўъҷазу пурмаъно ифода намояд. Чунончи, дар «Қиссаҳои хурд ва масъалаҳои бузург»
дар бораи қиссаҳои Сорбон, «Ҳунари андешапарварӣ» дар бораи осори Саттор Турсун, «Моҳияти реалистии қиссаҳои адиб» – насри Сайф Раҳим, «Воқеият дар оинаи хотираҳо» перомуни осори Ҷонибеки Акобир, «Дастовардҳои фантастикаи бадеӣ» перомуни повестҳои Абдумалик Баҳорӣ, «Аз гумон то ҳақиқат» роҷеъ ба асарҳои детективӣ ва пурмоҷарои Ато Ҳамдам изҳори назар мекунад ва боз ҳам ба равиши таҳлили худ содиқ монда, нахуст оид ба сарчашмаҳои пайдоиши ин навъи осор дар адабиёти тоҷик маълумот медиҳад ва сайре дар таҳаввули ин анвоъро бо таҳлили муфассали осори баргузидааш ба охир мерасонад. Дар ҷилди севуми тадқиқот Атахон Сайфуллоев роҷеъ ба ҳусну қубҳи жанри роман дар адабиёти миллӣ андеша ронда, дар боби аввал танҳо романҳои таърихии Муҳаммадзамони Солеҳ «Девори Хуросон», Сорбон «Достони писари Худо», Юсуфҷон Аҳмадзода «Ҳафт рўъё», Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин «Зиндагиномаи Чжан Тсян ё худ Шоҳроҳи бузурги абрешим» ва «Садди Суғд»-ро мавриди баррасӣ ва ҷамъбастҳои илмӣ қарор додааст. Аммо дар қисмати дигари тадқиқот романҳои дар мавзўи доғи рўз навиштаи Бароти Абдураҳмон «Дунёи сабзи ишқ», романи иҷтимоӣ ва ахлоқии Кароматуллоҳи Мирзо «Дар орзуи падар» ва тозатарин асари ў «Марги бегуноҳ», романи сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқии Шоҳмузаффар Ёдгорӣ «Васваса», романҳои Шодон Ҳаниф «Дар паноҳи Ҳиндукуш» ва Юнус Юсуфӣ «Оташафрўз» дар мавзўи Афғонистон ва романи таърихии замонавии Абдулҳамиди Самад «Гардиши девбод» ба сифати намунаҳои барҷастаи ин навъи осори ҳамосии бузургҳаҷм дар адабиёти замони истиқлолияти Тоҷикистон ба доираи нақду баррасӣ кашида шудаанд ва ҳақ ба ҷониби муҳаққиқ аст, ки равандҳои таҳаввули насри имрўз ба ҳалли мавзўоти зиндагии муосирон, тарғиби ғояҳои инсонпарварона, сужетҳои пурпечутоб ва роҳҳои ҳалли низоъ, тасвирҳои бадеӣ ва образҳои мукаммалу хотирмон ва сабку забони нигориши адибон ба ин аносири бадеӣ бастагӣ дорад.

пешина
аз 500
навбатӣ