Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  1. Навиштаҳои муҳаққиқини тоҷик дар кадом пояи илмӣ ҷой доранд?
    Дар мақола перомуни асарҳои аввалин муҳаққиқони пайвандҳои адабӣ дар Тоҷикистон Б. Невская ва В. П. Демидчик ва нигоришоти пажўҳишгарони имрўз назари иҷмолӣ ва таҳлилӣ баён шудааст ва таснифи тадқиқот вобаста ба дарунмоя ва аҳдофи нависандагон сурат гирифтааст. Ба гурўҳи аввал мақолаҳои илмиву оммавӣ, ба гурўҳи дувум навиштаҳои сарироҳии пажўҳандагони самтҳои дигари адабиёт ва ба гурўҳи севум таълифоти адабиётшиносоне шомил шудаанд, ки умри хешро ба таҳқиқи равобити адабии Аҷаму Урупо бахшидаанд. Осори В. Белан, М. Шаҳидӣ, Р. Деҳотӣ, Л. Маякина, Л. Айрумян, Х. Назирова, Ш. Мамаданбарова, И. Раҷабова якояк тибқи маҳаки бозсанҷии муаллиф омўхта шуда, дастовардҳои ҳар кадом аз нигоҳи ў баҳо гирифтаанд. Аммо дар маҷмўъ муаллиф ба сифати пасти нигоштаҳои донишмандони тоҷик ишора дорад ва иллати онро дар ошно набудан бо адабиёти илмии Урупо, бо улуми танқид, тарҷумашиносӣ ва пайвандҳои адабӣ мебинад. Ин гуфтор аз ҳақиқат орӣ нест, аммо барои пур кардани халои пажўҳишҳои илмӣ роҷеъ ба равобити адабӣ бояд ҳарчи бештар муҳаққиқон ба таҳқиқи ин масъала даст зананд.
    Чунин пешгуфтори мухтасар қабл аз баррасии ду асари тозанашр ба хотири он буд, ки аз таърихи омўзиши пайвандҳои адабӣ дар Тоҷикистон ба ҳайси як падидаи хеле муассир ва шоистаи таваҷҷўҳи ним асри охир ёдовар шавем ва дар қиёс бо осори марбут ба ин мавзўъ арзиши илмии кутуби навро таъйин намоем.
    Дар замони навсозиҳои таърихӣ ба маърази андеша кашидани масоили равобити адабӣ рисолати фарҳангӣ ва сиёсии бештаре бар тааҳҳуди муаллифон вомегузорад. Китоби аввал, ки мусаммо бар «Пайвандҳои адабии халқи тоҷик» аст, ба қалами адабиётшиносони варзида Ҳамроқул Шодиқулов ва Абдувалӣ Давронов мансуб аст ва дар он назари муаллифон перомуни таърихи ташаккули мактаби тарҷумаи бадеӣ ва пайвандҳои адабии халқи тоҷик баён шудааст. Дар се бахши китоб сухан аз таҷрибаи таърихӣ ва имтизоҷи анъана, мактаби тарҷума ва ҳамгироиву гуфтугўи тамаддунҳо ба миён омада, мулоҳизаҳои муҳаққиқон бо санадҳои тозаи илмӣ исбот гардидаанд.
пешина
аз 500
навбатӣ