Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Исми Шоҳона дар чандин шеъри дигари маҷмўа низ такрор мешавад. Маълум аст, ки дар тасвири ў шоир аз симои шахси воқеӣ – арманидухтаре бо исми Шаганэ Нерсесян, ки бо ў ошноӣ дошт, вом гирифтааст. Аммо дар «Савтҳои форсӣ» Шоҳона намояндаи кишвари Эрон аст. Шоири рус ба ў дил додааст ва мехоҳад роҷеъ ба диёри худаш – саҳроҳои беканор ва ҷавдорзори зери маҳтоб ҳикоят бикунад. Ў иқрор мешавад, ки мулки Шероз хеле зебост, вале беҳтар аз паҳнои Рязан нест. Зоҳиран шоир аз тоза шудани ёди ёру диёр метарсад:
Нигоро, шодмонӣ кун дар олам, Фақат ёде маянгез андарунам,
Ту аз ҷавдорзори зери маҳтоб.
Дорогая, шути, улыбайся,
Не буди только память во мне
Про волнистую рожь при луне.
Яқин аст, ки дили шоир аз дурии Ватан реш аст ва ёди Ватан дили ўро ба дард меорад. Шоир борҳо ба шимолӣ будани худ ишора мекунад. «Шояд ба иллати шимолӣ будан моҳтоби он ҷо ба назарам сад карат бузургтар аз моҳи Эрон аст», – мегўяд ў. Ағлаби тасвирҳои ин шеър ғайришарқианд.
Чунонки мегўяд:
Эти волосы взял я у ржи,
Если хочешь на палец вяжи,
Я нисколько не чувствую боли…
Тарҷумаи тоҷикии ин шеър:
Ки мўи ман бувад ҳамранги ҷавдор, Агар хоҳӣ, ба ангуштат бупечон, Наёбад мўи ман як зарра озор.
Бо он ки гўянда тасвирҳои балеғи ҷавдорҳои Русияро ба қалам медиҳад, дар маҷмўъ шеър обу ранги шарқӣ дорад. Савти шарқии онро на танҳо номҳои Шоҳонаву Шероз, балки эҳсоси гарми ошиқона, тазоди шодиву ғам, ҳиссиёти пурҳаяҷону равшани дўстдорӣ таъмин намудааст. Унсурҳои шарқиву ғарбӣ дар тору пуди он омезиш ёфтааст ва намешавад онҳоро аз ҳам ҷудо кард. Ва хубиву назокати шеър ҳам маҳз дар ҳамин

пешина
аз 500
навбатӣ