Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баҳори нозанини гулгардон, атри махмуркунандаи садбаргу райҳон, ҳафтранги пурнақши либосҳои шарқӣ, масҷиду чойхонаҳои пурнигор, ғизоҳои миллӣ, суруду оҳангҳои пурошўб шоири русро ончунон шефтаву тасхир карданд, ки ў то вопасин рўзҳои умраш дилбохтаи ин кишвар монд. Ҳамсари шоир, ҳунарманди маъруфи Фаронса Айседора Дункан, дар яке аз мусоҳибаҳояш хабар медиҳад, ки ҳини сафар ба Итолиё ва тамошои қасру кўшкҳои ин кишвар Есенин ҳамеша такрор мекунад, ки «зебоии Самарқанд беҳамтост».
Сафари Есенин ба Осиёи Миёна якуним моҳ тўл кашид, аммо таассуроти шоир танҳо баъди 3-4 сол ба шеър ворид шуд, зеро сафарҳои паёпае, ки ба Амрикову Аврупо ва Қафқоз пеш омаданд, барои таҳлилҳои оҷилӣ имкон надоданд. Аммо ёди Эрон аз сари ў бадар намеравад. Ду соли охири зиндагиаш ў борҳо ба дўстон нома менависад ва аз саъю талошҳояш барои муваффақ шудан ба сафари Эрон хабар медиҳад. Ҳатто чанд моҳ пеш аз маргаш ба Бениславская номае бо мазмуни зерин ирсол мекунад: «Бароям хеле муҳим аст, ки ба Эрон сафар кунам. Шумо бидонед, ки ман он ҷо барои омўзиш меравам. Дилам хеле мехоҳад, ки ба Шероз равам ва фикр мекунам, ҳатман меравам. Охир он ҷо бузургтарин шоирони форс ба дунё омадаанд. Мусалмонон беҳуда намегўянд, ки агар ту шоир наӣ, аз Шош нестӣ ва агар наменависӣ, аз Шероз нестӣ».
«Савтҳои форсӣ»-и Сергей Есенин намунаи олии пайванди адабиёти Ғарбу Шарқ аст. Ашъори Есенин, ки дар ин маҷмўа ҷамъ оварда шудааст, мунаввар аз нури сухани бузургони форсигўст. Ў аз шеъри онҳо вом мегирад, ва, дар айни ҳол, аз пушти шеъри ў мо шахси шоири русро бо ҳиссиёти хоси худаш муоина мекунем. Аллакай дар нахустин шеъри «Савтҳои форсӣ» – «Фурў биншаст акнун дардҳоям» («Улуглась моя былая рана») шоир аз дилрабоии қомати мавзун ва дилфиребии ду чашми масти нозанине, ки дар паси дари боғи паҳлуи чойхона аз рў чашмбандро бардошта, дили шоирро шикор мекунад, ҳарф мезанад. Ин шеър мисли як ҳикояти зебоест, ки аз тавлиди ногаҳонии ҳиссиёти ошиқона, аз таровати гулҳои Теҳрон ва гулҳои маҷозӣ – духтароне, ки дар боғи соҳиби чойхона дар пушти пардаҳо, дуртар аз дидаҳо ба сар мебаранд, хабар медиҳад. Дар ин шеър, аз як тараф, нигоҳи соҳиби чойхона, ки бо тамоми меҳмоннавозиаш боз ҳам мехоҳад аз чашми ғайр сарвати бебаҳои худ – нозанини пушти дарро ниҳон дорад, вале, аз ҷониби дигар, нигоҳи шоире, ки он ду наргиси маст банохост ғофилгираш карданд, тасвир ёфтаанд.

пешина
аз 500
навбатӣ