Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Асп дар назди ҷасади ҷавонписари турк, ки дар сари роҳ уфтода буд, бозистод. Ин писар тақрибан 18 сол дошт, чеҳраи рангпаридаи духтаронааш осеб надида буд. Аммомааш ба хок афтода, аз пушти сараш, ки мўйҳояшро тоза тарошида буд, тир хўрда аст» (VIII, 469-470).
Ин тасвири бисёр ҳаяҷонбарангез аст. Мо мебинем, ки зебоӣ ва ҷавонӣ дар доми марг аст ва мо аз чунин марги нобаҳангоми фоҷиавӣ сахт андўҳгин мешавем. Ҷои шак нест, ки вақте Пушкин пас аз чанд рўз шеъри «Аз Ҳофиз»-ро таълиф мекунад, табиист, ки он ҷавони ба ҳалокат расидаро пеши назар меорад. Дар ин бора Д. Д. Благой, пушкиншиноси машҳури рус низ ишора мекунад (10).
Шеъри мазкур гўё хитоб ба ҷавони нозанин аст ва шоир ўро ҳушдор медиҳад, ки ба шўҳрати низомӣ муфтахар мабош ва барои ба майдони ҷанг ворид шудан саъй накун.
Дар шеър сухан дар бораи унсурҳои мушаххас меравад:
Не пленяйся бранной славой,
О красавец молодой
Не бросайся в бой кровавый
С карабахскою толпой!

Маҷў номи баланд аз корзорон, Ту, эй зебоҷавони беғаму доғ.
Марав дар ҷанги хунрезӣ ба майдон Қатори размхоҳони Қаробоғ.
(тарҷумаи Лоиқ Шералӣ) Дар «Сафари Арзрум» Пушкин менависад: «17 июн субҳ боз ба гўши мо садои тир расид ва баъд аз ду соат мо лашкари қаробоғиёнро, ки зери ҳашт адад парчами туркӣ аз ҷанг бармегашт, дидем» (VIII, 468).
Дар ин бахши сафарномаи Пушкин мо бо тавсифҳои зиёди марбут ба Қаробоғ, аз қабили: шароби қаробоғӣ, аспҳои қаробоғӣ ва ғайра рў ба рў мешавем. Дар варианти нахустини ин шеър мисраи охири банди нахуст чунин буд: «С этой ратию слепой» (Бо ҳамин тўдаҳои нобино).
Аммо Пушкин ҳамеша саъй мекард, ки тасвир ва баёнаш дақиқ ва мушаххас бошад. Бинобар ин, дар нусхаи дигари ин мисра аскарони зиёди қаробоғӣ, ки бо хоҳиши худ аз ҷониби русҳо ба ҷанг мебаромаданд, тасвир ёфтанд ва шоир ба ҷои мафҳуми номуайяни «слепая рать», яъне, «тўдаи нобино» тасвири мушаххаси «С карабахскою толпой» (бо издиҳоми қаробоғиён)-ро истифода мекунад.

пешина
аз 500
навбатӣ