Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

тарҷумаҳои ашъори шоирони Шарқ, аз ҷумла шоирони Эрон, ки дар маҷаллаҳои русии «Вестник Европы» (Паёми Аврупо), «Соревнователь просвещения и благотворения» (Мусобиқоти маориф ва хайрия), «Сын отечества» (Писари Ватан), «Московский телеграф» (Телегрофи московӣ), «Московский вестник» (Паёми Москав), «Азиатский вестник» (Паёми Осиё), «Современник» (Ҳамзамон), алманахҳои «Северные цветы»
(Гулҳои Шимол), «Северная лира» (Лираи Шимол) ва ғайра интишор меёфтанд, оғози ошноӣ бо адабиёти Ховар буд.
Бо осори Ҳофиз бори аввал Пушкин аз тариқи тарҷумаҳои олмонӣ, ки дар чанд ҷилд аз сўи ховаршинос ва дипломати олмонизабон Иозеф Ҳаммер фон Пургштал таҳия шуда буд, ошно шуд. Шаш ҷилди ин китоб, ки таҳти унвони «Ганҷинаи Ховар» дар соли 1818 дар Вена чоп шуд, дастраси аҳли адаби Русия низ гардид. Китоби дигари ў «Девони Муҳаммад Шамсиддини Ҳофиз» дар замони зиндагии Пушкин соли 1833 мунташир шуд. Соли 1825 дар маҷаллаи «Московский телеграф» ғазали машҳури Ҳофиз бо матлаи зер ба табъ расид ва аз эҳтимол дур нест, ки Пушкин онро хонда бошад:
Гул бе рухи ёр хуш набошад,
Бе бода бахор хуш набошад.
Тарфи чаману тавофи бўстон
Бе лолаузор хуш набошад.
Ин ғазали Ҳофиз дар тарҷумаи шоири рус Егор
Познанский, ки аз олмонӣ тарҷума карда буд, чунин садо дод:
Лесок приятен в вечер ясной,
Когда над ним взойдет луна.
Но если нет подруги страстной,
Его потеряна цена.

Ҷангалак хушҳавову шом мусаффо, Ҳангоми вуруди моҳтоб аст.
Вале агар маъшуқ пуриштиёқ набошад, Чунин шому чунин ҷангал беарзиш аст.
Мутаассифона, дар ин тарҷума аз вежагиҳои сабки Хоҷа Ҳофиз чизе ба мушоҳида намерасад. Дар соли 1827 ҳамин ғазалро шоир ва мутарҷими дигари рус Ознобишин, ки ба худ

пешина
аз 500
навбатӣ