Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Мутарҷими дигар В. В. Левик, ки тақрибан баъд аз 50 соли тарҷумаҳои С. В. Шервинский дигарбора «Девони ғарбиву шарқӣ»-ро ба забони русӣ баргардонд, роҷеъ ба мактаби тарҷумонии давраи Шервинский гуфта буд, ки «ин мактаб хеле қудратманд буд, вале он мутарҷимро дар занҷир нигоҳ медошт ва бо он ки бисёре аз ҷузъиёти нусхаи аслро пурра равшан мекард, вуҷуди шоирро дар тарҷумон мекушт. Шервинский яке аз сарварони ин ҷараён буд. Мутарҷимони солҳои 40-50 – ум аз ин ҷараён даст кашиданд, зеро он тарҷумаи дақиқи ҳар як ҷузъи нусхаи аслро талаб мекард. Ин раванд дар навбати худ ба дарки яклухт халал медод ва бар зиёни шеър буд.
Иҷборӣ ҷо кардани калимаҳои нусхаи асл дар ҳар сатр нисбат ба оҳанги шеър ва таъсири он муҳимтар буд» (11, с. 702).
В. В. Левик дар тарҷумаҳои худ кўшиш кард, ки ҳамин нуқсонро бартараф намояд, яъне рўҳияи умумии шеърро дар сурати тамом ба забони русӣ дода тавонад ва, дар айни ҳол, шоир низ бимонад. Дар ин сурат баъзе ҷузъиёти нусхаи асл сарфи назар шуд, аммо матлаби шоир ва оҳангҳои шеъри ў бехалал монд.
Гузашта аз ин, В. В. Левик дар миёни тарҷумаҳои худ якчанд тарҷумаи Н. Н. Вильмонт, А. Михайлов, В. Вебер ва С. В.
Шервинскийро ба эътибори он ки дар сатҳи хеле хуб ба сомон расидаанд, ҷо дод ва миқдори онҳо ҷамъулҷамъ 10 адад аст.
Ҳамин тариқ, нигоҳи шитобзада ба таърихи тарҷумаҳои русии «Девони ғарбиву шарқӣ» ба бардоште мерасонад, ки дар тўли қариб 190 сол зиёда аз 25 нафар шоири рус ба тарҷумаи он даст задаанд. Дар Тоҷикистон ба табъ расонидани тарҷумаҳои русӣ дар баробари нусхаҳои асли девон ва тарҷумаҳои тоҷикии он ба он хотир аст, ки мутарҷимони девон бо ин амали худ муҳаббати хешро на танҳо ба Гёте, балки ба мардуми Шарқ, хоса ба форсизабонон собит карданд ва аз ин рў ҳаққи онҳо бар мост.
Пайнавишт:
- Девони шарқӣ. Тарҷума ва пешгуфтори Шуҷоуддини Шифо.– Теҳрон, 1380, с. 19.
- Ҳамон ҷо, с. 21.
- Иоҳанн Гёте. Девони ғарбӣ-шарқӣ. Тарҷума ва пешгуфтори Куруши Сафавӣ.–Теҳрон, 1380, с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор