Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ба забони форсӣ аввалин тарҷумаҳо танҳо баъд аз 130 соли нашри «Девон» – соли 1949 бо қалами Шуҷоуддини Шифо рўи кор омаданд. Ин адиб ва мутарҷими хушзавқ мунтахаберо иборат аз 153 қитъа ба насри зебои шоирона баргардон кард ва бо ҳамин барои роҳравони ҷодаи тарҷумонӣ роҳи тозаеро боз намуд. Маҷмўаи мазкур ба ифтихори 200-солагии зодрўзи шоири олмонӣ тарҷума шуд ва чеҳраи Шифоро на танҳо ба ҳайси як тарҷумони пурҳунар, балки ба унвони олим ва донишманди нуктасанҷ низ шинос намуд.
Хусусияти муҳимтарини тарҷумаи Шифо аз он иборат буд, ки ў вазну қофияи шеъри олмониро сарфи назар кард ва бештар ба назокати баён мутаваҷҷеҳ шуда, дар ин росто ба тавфиқ расид. Ба қавли Куруши Сафавӣ, мутарҷими дигари «Девон», баргузидае аз ашъори «Девони ғарбиву шарқӣ»-и ин нобиғаи бузурги Ғарб ба дасти пуртавони Шуҷоуддини Шифо, ки ба форсӣ баргардонида шуд, тарҷумаи қобили ситоише аст, ки имрўз «тарҷумаи озод» ё ҳатто «иқтибос» номида мешавад ва, афзун бар ин, танҳо бахшҳое аз девонро дар бар мегирад. Ин тарҷумаи зебо танҳо баргардоне буд, ки аз девон ба забони форсӣ дар ихтиёр доштем ва аз хонданаш лаззат мебурдем»(3).
Як хусусияти дигари кори Шуҷоуддини Шифо дар он аст, ки ў ба тарҷумаи худ пешгуфтори хеле муфассал ва муҳаққиқона навишта, кўшиш кардааст, чеҳраи Гётеро ба унвони як нобиғаи Ғарб, ки Шарқро чун кишвари ишқу умед ва нуру хирад мепарастад, шинос намояд. Дар мақолаи ў «Нигоҳе ба «Девони шарқӣ» нуктаҳое мисли «Адаби Шарқ дар Урупои ҷадид», «Гёте ва Шарқ», «Гёте ва Ислом», «Гёте ва Ҳофиз», «Чанд нукта дар бораи «Девон» таваҷҷўҳи мутарҷимро ба худ ҷалб намудаанд. Хусусан дар қисмати охирини ин мақола аз ҷониби мутарҷим «Тавзеҳот ва иттилоот барои равшан шудани «Девони ғарбию шарқӣ» ҷойгир шудааст, ки барои дарёфти матлабҳои шоир хеле судманд мебошад. Зеро қисмати ёддошт ва тавзеҳоти «Девон» аз худи «Девон» ба маротиб бузургтар буда, дар он бардошти муаллиф аз ошноӣ бо таъриху адаби кишварҳои Шарқ рўи сафҳа омадааст.
Аммо боз ҳам ҷолибтар нуктаи дигар аст: агар қисмати «Пешгуфтор» дар 35 саҳифаи китоб тўл кашида бошад, қисмати шарҳу тавзеҳот ва ёддоштҳои мутарҷим бештар аз 40 саҳифаро фаро гирифтааст ва ин асноди оморӣ далели нуктасанҷии ҳайратовари мутарҷим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор