Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Зимнан қобили зикр аст, ки Зулайхои Гёте маҳбубаи тахайюлӣ набуда, балки Марианна Виллемер ном ҷавонзани фавқулъода, зираку хуштабъ ва дилбару дилрабо буд. Марианна худ шеър мегуфт ва он ашъоре, ки аз номи Зулайхо дар «Девон» ҷой гирифтааст, ба қавли худи Гёте, ба қалами маҳбубааш мансуб аст. Дар ин маврид низ шоири олмонӣ ба қиссаи Баҳроми Гўр ва дилбари ў Дилором, ки гўё нахустин шоирони форсигў буданд, истинод меорад. Мувофиқи ривоят Баҳроми Гўр мисраи «Манам он шери жаёну манам он бабри яла»-ро мегўяд ва аз Дилором мисраи дувумро хоҳиш мекунад ва мисраи «Ном Баҳром турову падарат Бўҷибала» гўё зодаи табъи равони он нозанин буд.
Дар мавриди ошиқии Гёте ва таҷассуми ин ишқ дар «Девон» бояд тазаккур дод, ки ў мисли шоирони форсу тоҷик худро «камтар аз хоки пои ёр» намешуморад ва ишқи ў ирфонӣ ҳам нест. «Зулайхонома» саршор аз ҳиссиёти гарми шефтагии як мард ба зан ва ситоиши ўст.
Дигар аз хусусиятҳои тафовутбахши «Девон» дар он аст, ки агар дар ғазалҳои форсӣ парокандагии мазмун дар байтҳо аз вежагиҳои ин шеър бошад, Гёте пайвастагии мантиқиро ҳифз намудааст. Бинобар ин, ҳар шеъри ў андешае перомуни як матлаб аст, ки оғоз дораду анҷом.
Боз як вежагии дигари омезиши унсурҳои шарқиву ғарбӣ дар он зуҳур ёфтааст, ки сабки олӣ бо сабки омиёна ва мадҳ бо танз ба ҳам махлут шудаанд. Дар шеъри классикии форсу тоҷик маъмулан сабки олӣ ба кор мерафт, ки омезиши он бо сабки омиёна ва танз муносиб набуд.
«Девон» аз шеъри «Ҳиҷрат» оғоз мешавад ва барои ин калима шоир муродифи олмонӣ наовардааст. Ҳиҷрат – ҳиҷрати Муҳаммад Пайғамбар (с) аз Макка ба Мадина аст, ба хотири раҳоӣ аз рақибон. Аммо дар шеъри Гёте сухан аз сафари маънавӣ ба Шарқ аст, шоир мехоҳад дар партави шеъри Ҳофиз паноҳ ҷўяд, зеро шимолу ҷануб ва мулки мағриб вайрона шудаанд:
Бояд акнун ба Шарқ ҳиҷрат кард, Кишвари ишқу шеъру паймона.
Аз назари шоир, Шарқ мулки Пайғамбар аст, ки дар он чашмаҳое аз хираду нур ҷорианд ва инсони хокӣ он ҷо гуфтугў ба Худо дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор