Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

АЗ ХОВАР ТО
ФАРАНГ
МУКОЛАМАИ ФАРҲАНГҲО ДАР
«ДЕВОНИ ҒАРБИВУ ШАРҚӢ»
Дар адабиёти Ғарб Гёте аз нодиртарин шоиронест, ки бо шефтагӣ ва дилбастагии тамом фарҳанг, таърих ва тамаддуни Шарқро омўхта ва дар беҳтарин ашъораш риштаҳои иртиботе миёни Ғарбу Шарқ ончунон баста, ки мисли тору пуди матои пурнақш ба ҳам печидаанд. Ба қавли худи Гёте, роҳи ошноиву муҳаббат бо Шарқ – роҳест ба биҳишт. Орзуи ниҳоии инсон – расидан ба ҷаннатро Гёте дар ошноӣ бо Шарқ дарёфта ва аз ин саодат борҳо изҳори тафохур намудааст. Чунонки гуфтааст: «Муҳаббат ба Шарқ саропои вуҷуди маро фаро гирифт.
Бахти бузург! – зеро агар ин майл ба тасодуфе фурў менишаст ва ё ба сўи дигаре кашида мешуд, ман ҳаргиз ба ин биҳишт роҳ намеёфтам» (2, 449).
Бо он ки адабиёт ва тамаддуни Шарқ аз овони ҷавонӣ таваҷҷўҳи Гётеро ба худ кашида буд, ошноии комил танҳо баъди оғози «Девони ғарбиву шарқӣ» сурат гирифт. Зимнан, бояд қайд кард, ки тавлиди «Девони ғарбию шарқӣ» ба шарофати тарҷумаҳои Фон Хаммер Пургштал рўи кор омадааст ва дар ин маврид қайду тавзеҳоти шоир ҳифз шудааст.
Дар номаи худ ба И. Ф. Котте, ки тарҷумаи Ҳофизро ба ў ҳадя карда буд, 16 маи соли 1815 Гёте менависад; «Ман кайҳост, ки дар хилвати худ адабиёти Шарқро меомўзам ва ба хотири ошноии амиқтар баъде таълифоти шарқиёна низ дорам. Манзури ман ба тариқи табиӣ (ғайрииҷборӣ) пайвастани Ғарбу Шарқ, гузаштаву ҳол, форсиву олмонӣ аст, ончунон ки хислатҳо ва тарзи андеша ба ҳамдигар бипечанд» (2, 713).
То ин дам Гёте «Муаллақот»-и арабиро тарҷума карда, бо Қуръон, адабиёти арабӣ, ҳиндӣ ва форсӣ як андоза ошноӣ пайдо карда буд. Ашъори Ҳофизро низ дар шакли пароканда дар рўзномаву маҷаллаҳои маҳаллӣ хонда буд, вале он шеърҳо шояд бо сабаби пароканда буданашон ё иллати дигар барои дарку маърифати Ҳофиз имкон надоданд. Вале тарҷумаҳои Фон Хаммер ба якборагӣ рўҳу ҷони Гётеро ба қабза гирифтанд ва шоир ончунон пур шуд, ки ба ҷуз навиштани «Девон»-и худ роҳи дигари раҳоӣ надошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор