Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ду мақолаи ин бахш ба масоили адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ марбут буда, дар онҳо сухан аз моҳияти осори илмиву тадқиқотии устод Муҳаммадҷони Шакурӣ ва Абдухолиқ Набавӣ рафтааст.
Бахши «Хубони порсигў» аз мақолаҳое фароҳам омадааст, ки ба фаъолияти адабии занони суханвар ихтисос ёфтаанд. Нигорандаи ин сатрҳо, ки як шохаи ковишҳои илмиаш ба таҳқиқи осори бонувони форсигў иртибот дорад ва то имрўз китобҳое аз ин силсила, аз ҷумла, роҷеъ ба осори Робиаи Балхӣ, Маҳастӣ, Фурўғи Фаррухзод, Гулрухсорро таълиф намудааст, чанде аз мақолоти марбут ба осори занон, аз ҷумла Симини Беҳбаҳонӣ, Парвини Эътисомӣ, Мастураи Курдистонӣ, Зулфия Атоӣ, Фарзона ва ғайраро ба ин бахш шомил намудааст.
Қисмати «Аз Ховар то Фаранг» муштамил бар мақолотест, ки перомуни масоили робитаҳои адабии Шарқу Ғарб нигошта шудаанд. Албатта, китобҳои алоҳидае низ, аз қабили «Пушкин ва Шарқ» (ба забони русӣ, Хуҷанд – 1999) ва «Кишвари нилгуни Фирдавсӣ» (ба забони русӣ, Хуҷанд – 2010) бо қалами нигорандаи ин сатрҳо (дар ҳамкорӣ бо профессор Б. Ҳоҷибоева) рўи кор омадаанд ва мақолоти ин китоб ҷузъе аз тадқиқоти муаллифро дар иртибот бо масоили равобити адабӣ фаро гирифтаанд.
Дар бахши «Нақду баррасӣ» тақриз ва китобиёт ҷойгир карда шуд. Ин тақризу муаррифиномаҳо ба китобҳои аз назари жанру мўҳтаво гуногун, аз ҷумла, ба маҷмўаи ашъор, осори илмиву тадқиқотӣ, китоби хотироту ёддоштҳо таълиф шудаанд.
Бахши «Ёднома» муштамил бар се номаи меҳру ихлос ба се нафар бузургмардони миллати мо, устодон Муҳаммад Осимӣ, Муҳаммадҷони Шакурӣ ва Абдулманнони Насриддин аст, ки дар тақдири муаллифи сатрҳо нақши басо равшан доштанд.
Ва ниҳоят, дар поёни маҷмўа хотироте аз ду сафари нигоранда, ки басо рангин буданд, рўи коғаз омадаанд. Ин сафарномаҳо ба зудӣ пас аз анҷоми сафар таълиф ёфтаанд, бинобар ин имкони тасвири тафсилот ва ҷузъиёт дар онҳо фароҳам омадааст.
Инак, навиштаҳои парокандаро, ки ҷузъе аз андешаҳои нигоранда перомуни масоили мухталифи адабиёт ва муколамаи фарҳангҳо, ба қазовати хонандагони гиромӣ во гузошта, умедворем, ки бо маслиҳати онҳо ин мақолот такмил хоҳанд ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё