Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Вежагиҳои адабӣ. Зери мафҳуми вежагиҳои адабӣ вазн, қофияву радиф ва санъатҳои шеърӣ дар назар аст. Азбаски асри Х давраи ташаккули шеъри форсӣ буд, дар авзони арўз шоирон таҷрибаҳои навоваронаи зиёд доштанд, ки баъзан бебарор низ анҷом меёфт. Бино ба гуфти муҳаққиқон, Рўдакӣ дар 35 навъи вазни арўз шеър гуфтааст ва дар 12 вазн бори аввал дар шеъри форсӣ авзони арўзро санҷидааст.
Дар вазни арўзи форсӣ дар давраи Сомониён гоҳе зиёд омадани ҳиҷоҳо, вазнҳои номувофиқ ба табиати шеъри мо ба мушоҳида меоянд, ки батадриҷ суфта шуда ё аз миён рафтаанд. Масалан, байти Робиа:
Турк аз дарам даромад хандонак, Он хубрўи чобук меҳмонак, дар вазни мафъўлу фоилотун мафъўлун гуфта шудааст, ки минбаъд дар шеъри форсӣ дастгирӣ ва идома наёфт.
Ё байти Рўдакӣ:
Май орад шарафи мардумӣ падид, Озоданажод аз дирамхарид, – дар баҳри қариби ахраби макфуф гуфта шудааст ва дар маҷмўъ чунин байтҳое, ки дар баҳрҳои ғариб ва номарғуб суруда шудаанд, дар аҳди мазкур кам набуданд.
Қофия ва радифи замони Сомониён хеле сода ва бетакаллуф буда, гувоҳи он нукта аст, ки дар зеҳни шуаро ҳанўз кўшиши қофияву радифро ба тариқи сунъӣ мураккаб кардан ва, бад-ин васила, ба намоиш гузоштани ҳунари шоирӣ марсум нест. Бинобар ин, ба сифати қофияҳои ин давра калимаҳои сода ва ба зеҳн наздик, ба сифати радиф бошад, қисмате аз феълҳои таркибӣ истифода шудаанд. Масалан, як назар ба шеъри асри Х имкон медиҳад радифҳои зеринро баршуморем:
аст, ояд ҳаме, бурд, кард, бизӣ, маро, диҳад, нестӣ, бод, гирифт.
Басомади анвои санъатҳои бадеӣ низ намое аз сабки шоирони аҳди Сомонӣ мебошад.
Чунонки гуфта шуд, содагии баён ва фикр, тасвирҳои ба зеҳн наздик, воқеъгароёна ва мабнӣ бар мазоҳири табиат ва зиндагии ҳамарўза, тарзи баёни дур аз такаллуф ва суханбофиву газофгўӣ хоси сабки давраи мазкур аст, бинобар ин, дар мавриди шинохти ҷойгоҳи санъатҳои бадеӣ низ ҳамин мушаххасот бояд дар мавриди назар бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё