Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҷумла С. Алиев дар «Энсиклопедияи адабиёт ва санъат» дар мақолаи «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб»
гуфтааст: «Шарҳи ҳол ва намунаи ашъори 31 нафар (дар баъзе дастнависҳо 25 нафар) занони суханварро дар бар мегирад, ки онҳо аз рўи хронология ҷой дода шудаанд: аз Меҳсатӣ (Маҳастӣ) шурўъ шуда, бо Найсонӣ хотима меёбад» (ҷ. 3, с. 480).
Дар ин иқтибос 2 нукта саҳеҳ нест, ки яке тартиби танзими мавод, ки ба тартиби таърихӣ нест ва дигаре бо зикри «Найсонӣ» поён пазируфтани асар, ки дар асл охирин шоира дар «Ҷавоҳир» бо исми «Нисоӣ» ёд шудааст.
Дар мавриди тарзи ҷогузории мавод бояд гуфт, ки дар нусхаҳое иборат аз зикри 31 нафар шоира тазкира аз Дилором, маҳбубаи Баҳроми Гўр шурўъ шуда, баъди ў исми ду нафар занони Пайғамбар ҳазрати Оишаву ҳазрати Фотима, баъдан зикри ҳазрати Зулайхо омадааст.
Дар матни худи тазкира низ баъзе ғалатҳо ба назар мерасад. Чунончи, як қисми мақолаи Ҷаҳонхотун ба охири мақолаи Ҳаёт мулҳақ шудааст, ки иштибоҳи китобат аст.
Аз миёни 31 нафар 26 нафар ба форсӣ, 3 нафар ба арабӣ ва ду нафар ба туркӣ шеър гуфтаанд. Пас, маълум мешавад, ки муаллифи тазкира ба ин се забон хуб балад буда, назокати шеърро дар ҳар се забон дарк намудааст. Аммо дар ин маврид нуктаи зерин низ мавриди эътибор аст, ки аз ҳар се зане, ки ба арабӣ шеър гуфтаанд, аз ҳар кадомашон танҳо як байтӣ ба сифати намуна оварда шудааст. Ва дар поёни ин се мақола соҳиби тазкира афзудааст, ки «Ин нусха ва аҳли назмро ҳамин шараф бас аст, ки чунин мардум ба назм илтифот намудаанд».
Ин нукта ба он маънист, ки агар занони Пайғамбар, ки баргузидагони ҳаётанд, ба назм таваҷҷўҳ зоҳир карда бошанд, пас, назм мояи ифтихор аст ва тартиб додани тазкираи занон корест шоистаи таҳсин.
Аз шоирони туркигўй танҳо Муғулхонум ва Бибӣ Яздӣ мавриди эътибори соҳиби тазкира қарор гирифтаанд, ки аввалӣ ҳарами Муҳаммадхони Шайбонӣ ва дувумӣ аз хешони Мавлоно Оҳӣ, аз шоирони номвари Ҳирот ва муосирони соҳиби тазкира будааст. Аз ҳарду шоира танҳо як байтӣ намунае оварда шудааст.

пешина
аз 500
навбатӣ