Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Вале тирҳо низ ба ў коре надоштанд. Пас аз чошт ў зиндаву саломат ба дастайи дараш даст бурду онро боз кард. Хеле маъюс ва гирифта, бо рангу рўйи кандагӣ нишаст. Ба мусаввараҳояш нигоҳ кард: ба ҷуз инҳо дигар ҳич кас надошт. Сағира! На модар, на забон, на фарзанд. Аз ҳама бад- набурида; ногаҳон ўро боздоранд, таҳқиқ кунанд, чи балоҳое ба сараш хоҳанд омад. Сараш хам шуд.
Худо ба ў ақле додааст, ки барои ҳифзи ҷони худ аз ҳар тазод- ў ин ҷо тири дайдуро ҳам дар назар дошт- битавонад чорае бисозад. Он лаҳзаҳои нахуст, ки аз кунҷи тиреза ҷангро менигарист, ҳуҷуми сурхпўшон ва гурехтани сафедсарон ва, баръакс, хеле бенарво буду аз тири дайду боке надошт, зеро дигар ин навъи зиндагонӣ дилгиру бемаъниву беҳуда шуда, вале пасон воқеияту эҳтимоли марг муаллақ буд: дар нигарониву интизории марги эҳтимолӣ дигар ваҳшат намекард (аслан он вахшате, ки нахуст ба яқин буду пас эҳтимолӣ шуд, дар оташи изтиробу ҳаяҷони мудаввом зудуда шуд, сўхт, намонд, батадриҷ он як омили вақтгузарониву дилмашғулӣ гашт ва кам- кам ба мояи лаззат мубаддал гашт.
Лаззатҷўйӣ ҳатман сўйи комфорт мебарад, комфорт ба нишастан ва он ҳам нишасти бароҳате тавъам аст. Ойинаро аз ҷои пешин барканд ва дар он ҷое зад, ки ҳамаи воқеаҳои борун- роҳ, майдон, хиёбонро барои ў бинамоёнад ва бароҳат нишаст дар курсии пасти мулоими қирмизӣ, мизи қаҳваро дар паҳлуи хеш гузошт, асбоби қаҳваро рўи он чид ва чашм бар ойинаи рўшани чаҳоргўшаи барпаҳну мураббаъ дўхт.
Сурат ё акси воқеаҳоро дар зовияи аҷибе медид, воқеаҳои берун акнун диданбоб ва ҳатто аҷибтар аз асли воқеа буданд.
Барои фарох намудани диди ойина ва гунҷоиши бештари соҳати воқеаҳои берун ў ойинаро дар шарнир часпонд ва дар молберти баланд гирифт ва пас бо сими дароз, ба нармиву роҳатӣ, ин сўву он сў онро ҳаракат медод ва зовияашро дигар мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё