Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Кӣ гуфт?
- Бригадир гуфт, баъд Бозор гуфт.
- Ҳа- а.
- Айби ман. Гап аввал аз даҳони ман баромад. Гуфтам, ки бригадир, ҳамин заминҳои сафеда ба мо мемондед, дар
10 рўз планатон буд мешуд.
Гуфт: - Агар “ҳа” гўям, шаб омада мечинӣ?
Гуфтам: - Мечинам. Заминҳои мошинро.
Гуфт: - Майлаш.
Ана ҳамин хел шаб атака мекунем. Инҳо аз ман пештар, бе ягон иҷозат, худашон мечинданд. Чанд вақт шуд, ман навакак сар кардам. - Маннону Имом-чӣ?
- Онҳо ҳам. Имсол мактаб рафтанӣ. Пул кор мекунанд.
- Ҳа-а.
- Ту чӣ?
- Ман ҳамту омадам. Шаб аҷоиб. Ман шабҳо кам аз хона баромадаам. Шаби зебо- ҳа? Оба бин, чӣ хел талотум мекунад. Биё, то рўз ҳамин хел мешинем. Чаро дар он ситораҳо наменамоянд.
- Об лой аст.
- Ҳамин хел нигоҳ кунӣ, гумон мекунӣ, ки зинда аст.
- Чӣ?
- Об. Наҳр.
- Шаб ҳама чизи беҷонро зинда мекунад. Куҳҳо ҳам зинда мешаванд. Мешунавӣ. Овозе меояд. Овози куҳ аст.
Осмон зинда мешавад. - Ё бедор мешавад?
- Мумкин зинда неву бедор шавад.
- Ситораҳо шабпарак барин- ҳа, Моҳлиқоб?
- Не-е. Ситора куҷову шабпараки хунук куҷо.
- Чашмоша мегўям. Баъд, ситораҳо рўзона мехобанд, чашмашонро офтоб хира мекунанд, шабона бедор мешаванд.
- Ту аҷоиб бача будаӣ, Хиёл. Боз туро ҳама ким- чи хел гарангу хиёлӣ мегўянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё