Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданШаб қудрате дорад ғайриодӣ. Ҳамин ки одамонро ба оғўши худ гирифт, қулфи дилашон кушода мешавад, росту самимӣ ҳарф мезананд.
- Чиба шаб ба саҳро меравед?
- Ҳамин савола чаро рўз надодӣ? – ҷавоб дод Маннон ва озурдахотир ҷониби Имом нигарист.- Шояд Имом фаҳмонда тавонад, ман гуфта наметавонам.
- Намедонам, - гуфт Имом. - Барои чӣ меравем? Пахта мечинем- да. Ҳамин ки расидем, мебинӣ.
Хиёл андаке озурда гашт. Онҳо бо вай самимӣ набуданд, ким- чизеро пинҳон медоштанд.
Дигар онҳоро аз ситорашуморӣ боз намононд. Ва худаш хомўшона тамошои манзараҳои шабонаро афзал медонист. Ҷавоби муғлақи Маннону Имом ўро шўронда буд. Ҳарчанд мекўшид, забон нигоҳ дошта наметавонист.
Онҳоро низ ба шўр овардан хост. - Хобатон намебарад, шабгардӣ мекунед! – гуфт ў масхараомез.
Вале ин ҳам ба ҳарду таъсир накард. Онҳо ин дафъа ҳатто овозашонро ҳам дареғ доштанд.
Акнун лаб- лаби наҳр қадам мезаданд. «Шаҳид» ҳам аз дур намудор шуд. Қамишу килкҳои даруни “Шаҳид” намеҷунбиданд.
Баъди «Шаҳид» Боғи Робинзон сар мешуд. Бачаҳо бо калонҳо давра гирифтанд. Пичир- пичири онҳо бо садои наҳр омехта мешуд. Хиёл чизеро аз пичир- пичири онҳо намефаҳмид.
Моҳлиқоб бо онҳо нанишаст. Назди Хиёл омад. - Ҳа, Хиёл, пахтачинӣ омадӣ? – гуфт.
- Ҳа.
- Ба ту чӣ лозим буд? Талаба. Аз ту кӣ мепурсад чанд кило пахта чинданата? Хобата вайрон намекардӣ, хуб буд.
- Чӣ, шуморо ягон кас маҷбур мекунад?
- Маҷбур неву маслиҳат медиҳанд. Маълум, ки мехоҳанд.
Вақте одамони бообрў чунин гуфтанд, мақсадашон маълум, рўйи одам ширин, мехезиву омадан мегирӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё