Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданЎ тамоман дигар чиз гуфтан мехост. Чаро ин гуна суханҳо аз даҳонаш баромаданд, худаш бехабар монд. Тавба. Ё пирӣ ана ҳамин бошад?
Хиёл ҳеҷ гумон надошт, ки рўзе ана ҳамин тавр падараш тағйири ҳол мекунад. Ғамгин мешавад. Ва ў худро надомат мекард, ки вақтҳои охир бо ў кам ҳамгап шуда буд. Падарашро малул, ранҷидахотир гардондааст. Ва ў худро ноҳинҷор ҳис мекард.
- Писарам, хафа нашав! Як гуфтем-да. Гоҳ- гоҳ дили пирона мехоҳад қимати худро пеши наздиконаш бисанҷад, бубинад.
Хиёл аз ваҷоҳати падар пай бурд, ки ин гуфтугўи кўтоҳи онҳо оғози гапи калонест. Падараш ўро барои он аз ҳозир тайёр мекунад. Ва аз гуфтугўи дина дар пеши телевизор, вақти тамошои филм, воқеъшуда ким- чӣ хел рамуз гирифтааст. Хиёл гуфтугўи шабинаро ба хотир овард. - Ота, бубин, оташдон дар даруни хона бедуд месўзад.
Нағз-а! Хона сафед, асаре аз дуд наменамояд. Шаҳр бошад, ота? - Намедонам, биё, кино тамошо кунем, баъд гап мезанем.
Баъди анҷоми филм майли суҳбат намонд, хоб рафтанд. Ҷавоби падарашро акнун мешунид. - Ана ҳамон гуна як чиз месозам! Оташдон мегўем?
Тоқи алов мегўем? Ё камин мегўем, баъд маълум мешавад. Ҳозир пеши назарам танўре, деворе барин менамояд.
Танўри девориро дидаӣ? Не. Меҳроби масҷид барин. Ина ҳам надидаӣ. Не. Тоқро медонӣ- ҳа? Ана, тоқ барин, фақат тоқу танўри деворӣ дудбаро надоранд. Пештар зимистонҳо дарозу хунук буданд. Баъзеҳо дар фарши хона танўр мекофтанд. Болояш сандалӣ мемонданд. Баъзеҳо дар даруни хона танўри деворӣ доштанд, алов мегиронданд, алови паст, хона гарм мекарданд ё баъди нон пухтан лахчаҳо фурўзон мемонданд ва гармии хонаро нигоҳ медоштанд.
Вақти шаҳри Прагаро озод карданамон дар хонайи як чех меҳмон шудем. Ҳамон ҷо ҳам танўри девориро дида будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё