Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Дар таги тут, назди дарвоза.
  • Зўрат мерасад ба гирифта оварданшона?
  • Ҳа.
    Хиёл дар ду- се раҳ товасангҳоро овард.
  • Як фикр ба сари сафедам заду намедонам, мебарояд ё не. Агар тавонам, аҷаб корест.
    «Ҳеҷ гап не. Мардум боз ягон номи нав ба номҳойи будагӣ қўш мекунанду номатон дарозтар мешавад,» – аз дил мегузаронд Хиёл.
    Усмон фикри Хиёлро гўё пай бурда бошад, ки гуфт:
  • Мардум боз гап меёбанд, мо бошем, якбора аз чанд дард халос мешавем.
  • Ота, ман чизе нафаҳмидам.
  • Ту бояд нафаҳмӣ, чунки ҳоло ба сари мақсад наомадаем. Дина, вақте ки кино тамошо мекардӣ, дидӣ, ки одамон дар куҷо менишастанд? Ҳо, се нафари дар хона будагӣ?
  • Ҳа- а- а.
  • Ҳа-а. Ана ҳамон хел оташдон месозам, ки дудаш набарояд. Баъди сари ман бо ҷўраҳот дар назди он мешинӣ. Мана, чўбҳо, асбобу ускунаҳоро месўзиву маро ёд мекунӣ.
  • Намесўзам.
  • Кӣ медонад?! Ту ҳам акаҳот барин, ба ғайри китоб дигар чиза писанд намекунӣ. Ҳушу ёдат дар шаҳр, хондану одами калон шудан. Намедонам, дар дили шумо кӣ ин қадар алови шаҳрравиву «одамшавӣ»- ро меандозад?
    Ман- ку, дар умрам ин хел орзу надоштам.
  • Гуфтам- ку, намесўзам. Ман ҳозир фикри ба шаҳр рафтан ҳам надорам.
  • Ҳозир ки ман зиндаам, як бор напурсидӣ, ки падар чӣ ҳол дорӣ? Як бор надаромадӣ бубинӣ, ки падарат чӣ метарошад, чӣ месозад? Баъде ки рафтӣ, албатта, ту ҳам аз шаҳр зан мегирӣ, хонадору кўдакдор мешавӣ, баъде ки дар хоки гўри ман як ваҷаб сабза дамид, ту поята ба даргоҳи ин хона намемонӣ. Ҳамаатон аз як зот – зоти Усмонбангӣ...
    Усмон ҳис кард, ки аз ҳад гузаштааст: дар чашмони писараш об давида буд.
пешина
аз 186
навбатӣ