Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ўро хомохом хўрданӣ буданд, муштҳо баланд, ба тори автобус мерасиданд: «Беҳурматӣ макун аз худат бузургро! Садқайи номи ҷавонмард шавӣ, ту дайду! Як одами аз худ калонро масхара мекунӣ, ў падарат мешавад, бадзот!»- нидо мекарданд мусофирон ва ўро ба берун кашиданд.
Шофир пурхашм шуд. Ў одамҳоро боздошт ва гуфт, ки нияти имрўз ба манзили муродашон расидан доранд ё не?
Агар ба шаҳр рафтанӣ бошанд, биёянд, харро аз автобус фуроранд. Онҳо харро аз думу гўшу аз гарданаш бардошта, аз автобус ба замин тела медиҳанд. Мўйсафед ҳам мефарояду саллаашро ба гардани хар андохта, аз канори автобус дур рафта роҳ пеш мегирад.»
Хиёл то хеле, то калон шуданаш, ба ин воқеа бовар мекард ва ба ҳар чизу каси дучор омадааш бодиққат менигарист: дар онҳо монандиеро ба он духтар меҷўст. Акнун ки ў ба воя расидааст, на ба афсона бовар мекунад, на ба бибикалон ва на ба Худо, ҳатто шабҳо аз боғи Робинзон танҳо мегузарад. Вай ба ин ҳикояти ҳузнангез, барои чӣ бошад, бовар кардан намехоҳад. Вақте ки галла- галла харҳоро соҳибонашон аз деҳа меронанд- акнун онҳо барояшон даркор нестанд, ба кор онҳоро мошин мебарад, аз кор мошин меорад, дар саҳро алаф нест, ба говҳо нон медиҳанд, ба парандаҳо гандум– ба назари Хиёл онҳо ҳамон духтараки ба нафрини падар гирифторшуда барин менамоянд, ки аз хонаи падар ронда шудаанд. Инҳо андешаҳойи даруни ўянд. Албатта, ў вақти ин гуна андешарониҳо лаб фурў мебандад, ки мабодо ба нўги забонаш набароянд. Акнун ў ҳам худро писари калон- одами маърака медонад, як- ду бор маззайи шаробро низ чашидааст ва ҳеҷ гоҳ бо ин фикрҳои тагикўрпагӣ худро хандасори мардум карданӣ нест.
Гоҳ- гоҳе ба Сабо баъзе фикрҳояшро мегўяд. Ў духтари хуб аст, сирру асрореро, ки ў медонад, дар ҳисоб намегунҷанд ва ё аз Хиёл онҳоро пинҳон намедорад. Масалан, сирру асрори пайдоишу таваллуди кўдаконро ҳанўз дарси анатомияро нагузашта, бо ҳама тафсилоташ аз Сабо шунида буд, ки то ҳозир, баъди дарси анатомия ҳам, аксарияти ҳамсинфонаш аз ин савдоҳо бехабаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё