Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сабо ҳоло падарашро фаҳмида наметавонад. Интизори чизе буд. Барои фаҳмидани ў ҳодисае бояд рўй медод ва дар ин ҳодиса ў падарашро бояд медид, мешинохт, мефаҳмид.
Баъд ҳисси дигари дар дил ниҳоне дошт, ки он каме ба бегонагӣ ва тарс омехта буд; Сабо мехост дар нисбати он бепарво бошад ва басо мешуд, ки баробари боло шудани он ҳис ў онро аз нав ба ҷои пешинааш, ба қаъри дил, фурў менишонд, вале аз худ ронда наметавонист. Сабаби онро намеёфт, гумон мекард, ки баъди шунидани ҳикояти арўсии модараш пайдо шудааст.
Рўзи нахустини арўсӣ, вақте ки ҳарду танҳо менишастанд, пишаке сари дастархон омад. Ҳанўз бо ҳам шаб нагузаронда буданд, ҳамгап набуданд ва Наим овози ўро нашунида буд. Бе он ки сухане ба Наим гўяд, пишакро пишт гуфт. Наим хашмгин шуд, пишакро дошту ду даррон кард. Арўс то чанд рўз аз ҷой бархоста натавонист.
Бемор буд.
Ҳисси номафҳуми Сабо аз ин ҳам набуд. Ким- чизи аз ин зиёдтаре ўро аз падар дур медорад. Гоҳо мисли хоби даҳшатнок наздик мешавад ва тарси сирри он равшан нагашта, боз нест мешавад. Ҳисси аҷибе. Модараш рангкандаву бемор аст. Зиндагиаш ҳам ранге надорад.
Ҳузновар аст. Як хел. Ҳар рўз якранг! Кайҳо ба ин одат кардааст; хомўшона чой мемонад, хомўшона бо дастони камқуввати худ мўза аз пой шавҳараш мекашад, хомўшона ҷойгаҳ тахт мекунад, беовоз паҳлуйи шавҳараш медарояд. Гапашро танҳо ба Сабо мегўяд, дилашро ба Сабо мекушояд. Духтарашро дўст медорад, баройи ў Сабо зиёдтар аз ҳама аст- мисли дугонайи ҷонӣ. Розҳойи ҳамдигарро медонанд. Ба ҷуз як розе…
Хиёл мепурсад, ки ин чӣ розест? Сабо механдаду намегўяд. Хиёл ҳам ўро сахт пурсуков намекунад. «Медонам, ягон кас боз мактуб навиштааст аз бачаҳойи мехондагӣ,- фикр мекард дар он лаҳзаҳо Хиёл.- Дилаш тоқат намекунад: медонам, ўро мебинӣ, ки пагоҳ аз соқи мўза ё аз чоки гиребонаш, ширин- ширин карда, коғази чорқатеро мебарораду «Ма, гир, хон! Бубин, одамон чиҳо менависанд,- мегўяд ў.» Хиёл нахонда ҳам медонад. Медонад чӣ навиштаанд.

пешина
аз 186
навбатӣ