Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданВа муътақид шуд, ки ба хотири супермен шудан бояд ҳам аз дороиҳои инсонӣ кам кард.
Аз гўшаи рост, ки боевикҳои собиқ бо раиси ҳукумати имрўзаи район мастӣ доштанд, марди пастаку хамўше, ки аввал дида нашуда буд, ўро нидо кард:
- Чӣ хелӣ, ошно?
- Мешавад, раҳмат.
- Мегирем,- гуфт ва қадаҳашро боло намуд.
- Мегирем!- низ нидо дардод Вён Шаранг.
Ҳар ду қадаҳҳошонро ба нишони эҳтироми якдигар бардоштанд, нўшиданд. Вён Шаранг боз гўш ба гилаи рассом ниҳод.
Вале он мард дубора садояш мекард.
Вён Шаранг нигоҳаш кард. - Нашинохтим,- гуфт он мард.
- Не,- посухаш гардонид Вён Шаранг.
- Кофарниҳон дар ёдат ҳаст? Шаб, бачаҳо паронданит буданд, намондамшон.
Лаҳҷааш фалғарӣ буд. Аз фалғариёни муқими Варзоб буд.
Ногаҳ ҳама чиз ба ёди Вён Шаранг омад. Бе ваҳшату бе даҳшат он мардро нигоҳ кард, тарсу ҳарос аз ў рафта буд. Банохост маст шуд, гўё маст шуд.
Ўро пеши худ хонд.
Сардастаи собиқ омад, пешаш нишаст. Нўшиданд. Аввал ҳам, ки ў омада буд, Вён Шаранг бо ҳамсоягон ошнояш намуд ва пас нўшбодӣ карданд. Сонӣ ҳам, бори дигар ҳам.
Акнун ба ҳамсояҳои дураш арз мекард, ки ин ҷавонмард ўро, як шоирро, аз куштан раҳонид.
Ва менўшид.
То он ки маст шуд.
Бемардинагӣ ба занон ҳувият бахшид.
Акнун дигар мардуме ёфт намешавад, ки мурдаро биёранд. Коҳин мурда буд, пайғамбар мурда буд, шоир мурда, молик ва ёғӣ, навкару гадо, зўру нотавон, девонаву ҳушёр, ҳама мурда буданд. Бибӣ такя бар девори ғамноки руъёҳову андўҳҳо ва устураҳойи шўразадайи бесутун зада, ба дарозии умри худ овоз меандохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё