Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Агар хотирайи ин зиндагӣ дар ман боқӣ намонад, бозгашт баройи ман чӣ маънӣ дорад? Ман нахоҳам буд, агар ин ҳама ҷоро, ки дунёи нотамоми ман, дунёи холии дурушту норасидайи душвори ман аст, дар он бозгашт бо худ наёрам ва аслан надошта бошам. Пас оне, ки бармегардад, ман нестам! Дигарест. Ва он дигар зиндагии маро нахоҳад дошт.
Инҳо, ки ба синайи ман камон кашидаанд, чӣ гуна бифаҳманд, ки як дунёйи беинтиҳоро мекушанд, як оламеро, ки мислу монандаш дар ин гетии рўшан нест, ба адам мебаранд. Зиндагии маро ҳич кас надида, он чи ман донистаам, ҳич кас надониста ва чи гуна ки мебинам, ҳич кас нашнида. Ва ман ин зиндагиамро ба ҳич гуна зиндагие иваз нахоҳам кард. Ва ин зиндагӣ ба ягонагиву якбориву нодириву бознагардандагиаш бузургу ҷовидону дўстдоштанист.
Баъди сонияе ё сонияҳо ман намемонам, зиндагии ман саранҷом мешавад. Вале ин чанд сонияйи кўтоҳ ҷовидонагии зиндагонии оламро дорад.
Чаро ман онҳоро душман намедонам, маргашонро намехоҳам? Чаро ойинаро ба нўги камон намедорам, ки аз худ қаҳрамон созам?! Ҳич дар фикрам набуд, ки орому осуда дар рў ба рўйи марг нигарон мемонам.
Фикр мекунам; ин лаҳза аст, ки чунин фикр ба сарам зад.
Пайгамбарону пешвоён дар чунин вазъе зода мешаванд.
Ман дар ин се рўз ранҷу азоби ҳама пайғамбарони таърихро кашидам. Азоби Будоро, ранҷи Исоро, танҳойии Зардуштро, заҳматҳойи Муҳаммадро...
Бо кадоме аз онҳоям? Ба дунболи кадом пешвойе меравам? Кӣ маро мегўронад? Ба кадом ойине тадфинам мекунанд? Кӣ бар мазори ман меояд? Кӣ дар ҷанозаам мегиряд?
Оё мешиносандам? Агар ҷасадамро пайдо карданд, кӣ ба бозшинохти ман хоҳад омад? Кӣ суроғам хоҳад кард?
Кӣ хоҳад пурсид: Шахсе буд, куҷо шуд?
Ин зиндагӣ нигаҳбонӣ ва ғамхорӣ мехоҳад. Таассубу ҷоҳилият душмани зиндагӣ аст.»
Ў ба чеҳрайи ҳич кадоме аз кушандагони худ наменигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё