Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мошини шир дар назди дарвозае, ки сурати кабкро баробари модагов калон кашидаанд, қарор мегирад ва сигнал мезанад. Дар болои мошин як дарза ҷоруб баста шудааст. Мўйсафеде мебарояд аз дарвоза, пир, фартут, яктаҳу тоқӣ дорад, бесаллаву бефутаву беасо. Ҷавон- писари Ҳидоятулло дарзаи ҷорубро ба ў медиҳад. Мўйсафед хурсанд аст, ўро таҳсин мекунад. Дарзаро ба қадди дарвоза рост ниҳода, дастонашро барои дуо мебардорад:

  • Илоҳим хор нашавӣ!
    Мошин бо суръати баланд аз назди идораи совхоз мегузарад.

Баҳор.
Хами Ғулом ва хами болои хонаи Ҳидоятулло каб- кабуд аст. Лолаҳо шукуфта. Бузу бузғолаҳо даводав доранд. Баррачаҳои ширмаст аз теғаи куҳи болои хонаи Ҳидоятулло медаванд. Аспи сиёҳе дар беди назди оғили пеши дарвозаи Ҳидоятулло баста шудааст: қантар аст. Дум мезанад, ёл меафшонад. Зини зебое дар пушташ, лаҷомаш дар қоши зин.
Хурҷин надорад. Қамчин нест. Девори похсагӣ кафида аст, тарқишҳои дарозу борике дорад. Занбўрҳо дар ковокии болои сари асп хона доранд. Қад- қадди бед, ки асп дар шохаи поёни он қантар аст, мурчагон медаванд. Хеле бисёранд:
мисли риштаи сиёҳ корвони мурчагон қад- қадди танаи дарахт тўл кашидаанд.
Кўдакон, ходаи борику дарозе дар даст, назди девор пайдо мешаванд. Бо хода ҳелчаи занбўрро мекобанд. Занбўрҳо мехезанд. Гизала мешаванд. Кўдакон мегурезанд. Занбўрхо ба асп дармеафтанд. Асп бепарво истодааст, танҳо гоҳ- гоҳе ёл меафшонад, то аз гиззасти занбурон халос шавад, онҳоро аз сару гардани худ бигурезонад.
Як села занбўр ба таги шиками ў мефароянд. Ногаҳон асп ҳалосак мезанаду ҷуфтак мепарад. Девонавор худро ба ҳар тараф мезанад. Банд меканад ё шохи бед мешиканад.
Асп дар хами пеши хона рўпоён мешавад. Мегурезад. Ногаҳон Ҳидоятулло ва меҳмон давида аз дарвоза мебароянд.
Онҳо садои суми аспи даргурезро шунида, аз хона баромаданд.

пешина
аз 186
навбатӣ