Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданАҳмади Мирашўрира ёд дорӣ? Бигў, охир, бигў, ака!
Лабони мўйсафед ҷунбиданд. Фаттоҳ шодӣ кард. Ба ишораи сар ҳамроҳонашро ба шунидани суханонони мўйсафед ҷалб мекард, вале овози мўйсафед намебаромад.
Ў воқеаҳоро медид, ба забон меовардашон.
- Гуфтестай, ба Худо, гуфтан дорад!
Аз ҳозирон касе овози ўро намешунавид, вале ҳушашон ба лабони мўйсафед буд. - Мара гуфтан, ўра биёр,- шуниданд овози ўро. Овози хеле паст, аз ин пасттар овозеро нашунида буданд. Гўё аз даруни гўр мебаромад.- Гурехт. «Бест!»- гуфтам, наистод.
Камонро гирифтаму парондам. Қалпоки сараш парид. - Шуниден, шуниден! Қалпоки сараш парид, мегае! – Фаттоҳ шунидаҳояшро шарҳ медод; чанголашро болойи сараш бардошта, косахонаи сарашро маҳам дошт.- Ина ҳамӣ ҷорра мега!
- Мағзи сараш тит шуд…
- Диден! «Мағзи сараш тит шуд,»- мега! Ба Худо, и ҷаллод буд!
Мўйи сари Фаттоҳ парешон шуда буд. Вақте хам мешуд, рўйи ўро аз назари ҳамроҳонаш панаҳ мекард. - Гуфтанд: «Фалониро биёр!» Хонааш рафтам, камон сари китфам. Медонистам, ки дар хонааш ҳаст. Рост ба даҳани дараш меравам, занҷири дари дутабақаашро ба болодарӣ мезанам. Занаш мебарояд, мепурсам, ки дар куҷост?
Мегўяд, ки дар хона нест, куҷое рафтааст. Бовар намекунам. Занак зораву тавалло мекунад, ки надароям. Медароям. «Надаро!»- мегўяду ба зону мезанад. Медароям, аз болои зонувони занак мегузарам. Мебинам, ки дар хона нест, парешон намешавам. Дар ҳамин наздикиҳост! Дуртар меравам ва рост ба болохона нигоҳ карда тир мезанам. Ў аз дари болохона худро ба замин ҳаво медиҳад. Он тарафи хонайи ў дараҳои бисёре дорад. Як хушкрўде низ аз пушти тирезааш мегузарад. Медавам ба ҳамон тараф. Камонам думила аст. Як тири дигар дорам. Мезанам дар сараш. Аввал чен кардам, албатта, сарашро. Ў гурехт, нагуфт, акаи фалонӣ, ба ёд наовард, ки ман аз ў калонам. Нагуфт, садқат, акаи фалонӣ, напарон!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё