Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданДАВЛАТШОҲИЁН
Роҳи Данғара. Идомаи нақли Убайдулло
- Ин акаи мо милиса гузаштагиай, – гуфт Фаттоҳ ва ўро оҳиста дар рўйи ҷогаҳаш хобонд.- Бисёр одамҳои хуби Кангурт аз дасти ҳамин мурдагиян! Бисёр ҷаллод буд ин…
Мардак, ки дар назъи ҷон буд, ҳеҷ ҳаракате намекард.
Гўё намешунид, ё намешунид.
Ў аз роғи чашмонаш ба сақфи дудхўрдаи хонаи пастак нигоҳ мекард. Нигоҳ намекард, дидагонаш ба сақф беҳадаф духта шуда буданд. Риши сафедаш, ки дар чеҳраи бараҳнаи хушкидайи ў парешон хобида буд, гоҳ- гоҳе як меларзид.
Ногаҳон гулўяш хир- хир кард, мисле ки дар он чизе дармонда бошад. Ҳамроҳони Фаттоҳ ҳам аз суханони берўёнаи ў ва ҳам аз вазъи мўйсафед ҷониби ҳамдигар бо чашмони пурсуол ва пур аз шак нигоҳ карданд.
Ва баъд гуфтанд: - Биё, мон, Фаттоҳ, бас кун! Мўйсафеда ғам надеҳ.
Фаттоҳ сар меҷунбонид ба оҳанге ва мегуфт: - Ма рост мегум. Як халта ордену медал дорад.
- Мон, аката дар дами ҷонбуроийш ғам нате! – гуфт янгааш ва дастархони рўйи дасташро дар пеши меҳмонҳо ниҳод.
Кӣ дар ин вазъият чой мехўрад? - Росташро мегум! Ина худуш буга! Ака, гап зан! Ака!
Янга, таксарӣ биёр! Таксарии бисёр- бисёр! - Э моне, чоруш мекунӣ?!
- Не, ака! Мегўӣ?- гуфт Фаттоҳ ва болиштҳоро дар зери сари ў чид. Синаи мўйсафед хеле баланд шуд. Фаттоҳ ба даҳани ў чанд қатраи чой рехт, об аз кунҷи лабонаш ба ришаш рехт. Фаттоҳ одами ба гап қариб набуд. Як илоҷе буд:
ўро ба зўрӣ аз сари болини мўйсафед дур кардан, вале ҳамроҳон худдорӣ менамуданд. Ҷанҷолу хархашаи Фаттоҳу ҳамроҳонаш ҳоли мўйсафедро дар дами маргаш табоҳ хоҳад кард. Онҳо худдорӣ намуданд. - Бигў, ака! Ҳо, мардака чӣ хел парондӣ, вақте мехост бигурезад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё