Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ғайрат намекард, ки онҳоро биронад; метарсид. Аввал фикр кард, ки метарсад, яъне, тарс аст, ки намегузорадаш онҳоро ҷиддитар ҳай кунад. Вале дертар, он вақт ки сархам, рў - рўйи пайи танк, дар асфалти норўфта чида- чида по мемонд, ҳис кард, ки дилаш ба кўдакон месўзад.
Ин эҳсос дарди ўро нанишонд, боз ҳам сархам дар кўчаҳо қадам зад. Миёнаш ба сўзиш омад. Як ҷо шунид:

  • Э, аму риша проверка кун?
    Сўяшон нигоҳ накард, вале истод, мунтазир шуд. Ҳарифе пеш омад автомат зери каш, паспорт пурсид ба русӣ. Ў паспорт надошт, шаҳодатномаи корашро нишон дод:
  • Марҳамат.
  • Журналистӣ?
  • Не.
    Ҳарифак ба шаҳодатнома нигоҳ кард. Дигараш омад, ки сумкаашро бибинад. Ў бе ҳич хафагӣ сумкаашро яла кард. Мисли мум буд, ҳис надошт. Пурсид:
  • Боз чӣ кунам?
    Ҳарифак гуфт:
  • Гапш нест, бгзар!
    Ситеза мекард. Ҳо, ҳариф ситеза мекунад. Дар мезакаш хаф дидааст. Ҷои рафтан надошт. Ҳар ҷо, ки пояш мебурдаш, мерафт: беҳадаф, беният, беҳавсала. Сархам мерафт.
    Гарданаш кўтоҳ буд: гўё сар аз миёни шонаҳош рўйида буд, аз алам гўшайи даҳонаш каме тоб бардошта буд. Ў, ки ҳамеша аз муҳит тарс дошт, акнун бепарво ва риндона по мепартофт, гўё андаке пастӣ карда бошад. Вале дар мағзаш чи талотуме буд: аввал исён мекард, ки чаро таваллуд шудааст? Бадеҳист, ки баъди ин гуна суоли исёнгарона ба осмон дар ёди одам хеле табиӣ андешайи марг мепечад.
    Қабл аз пешина фикраш рўшан ва равон буд. Меандешид, гўё менигошт, ба худ ҳарф мезад, андаке пурҳарфӣ мекард.
    «Ман фикр мекунам, ки марг низ мисли таваллуд як кори маҳрамона аст. Ҳине ки одам мемирад ва ба ҳангоми хок кардани ҷасад ҳич одами бегона бояд набошад.
    Ман анбўҳи одамонро, ба хок супурдани як инсонро чун шодичашмиҳо, дилмашғулиҳое беш намешуморам.» Ва аз ин хирадмандии худ хеле мутаассиф шуд, чун дар поёни ин фикр саҳнайи бахоксупории тани худро муҷассам дид.
пешина
аз 186
навбатӣ