Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданМулло Нахуд ба илми имрўза, ба ҷавонони саҳро ҳазору як нафрин мехонд ва боз дар айни хол аз нафрати худ метарсид. Мабодо дуои бади ў ба худаш баргардад. «Онҳо одамони одӣ не,- меандешид ў.- Модоме ки фикри онҳо аз назаргоҳи Илоҳӣ мегузарад, масофаи замину офтобро сантиметр ба сантиметр аниқ карданианд ва боз даъвои ислоҳи онро мекунанд, дар қатори бузургон мебошанд.» Вай бо онҳо мунозира карда наметавонад, пир асту камқувват.
Шояд аз бузургии хаёлоти кайҳонии Бедил бехуд гашт? Ё аз тарси он ки бо ҳисоб ин кўдакон макони Илоҳиро меёбанд?
- Ба офтоб ё аз он баландтар баромадани мо, ба хотири идроки як байти Бедил, нолозим аст. Агар фақат барои ҳамин бошад, аз тарафи мо дар ҳаққи Бедил номардии калонест; мо бояд аз замин истода, хаёлоти кайҳонии Бедилро бифаҳмем. Вақте ки мо байтро мехонем, он ҳастии моро барои парвози эҳсоси баланду бузурге омода мекунад. Муҳиммаш ҳамин аст.
Наим саркор, ки ба назди онҳо омада буд ва ба суханони ваҷҳмонанди Аҳмад гўш медод, аз Аҳмад пурсид: - Эй, Аҳмад, бачаи кӣ мешавӣ?
- Бачаи Аҳтам.
- Аҳа- а, Аҳтама писараш? Ҳамоне, ки таъриф карда мегаштанша- а? Аҷаб хубе, аҷаб хубе! «Ба офтоб баромадан лозим нест,»- гуфтӣ? Барои чӣ? Лозим аст. Ман мехоҳам ба офтоб бароям. Агар доно бошӣ, ҳисоб кун, барор, ман мебароям. Ҳозир ту аз пахтачинӣ озод. Ҳисоб кун, ҳисоб кун!
- Коғазу қалам намерасад, – гуфт Аҳмад.
- Дар замин навис, замин калон аст. Ҳамаи навиштаҳоятро мебарад.
- Хуб шудаст.
- Дигарон хезед! Бозор, мардума хезон, пахта месўзад.
Аҳмад аввал пиндошт, ки Наим мисли пешина худро содаву уволак ангошта, жожхоӣ мекунад, то дар коре ғайри одати мардум ўро ба даст афтонаду дар пеши одамон масхарааш намояд. Ният дошт, ки агар бори дувум аз ў чунин муомиларо бубинад, бо сухани дуруште посухаш бигўяд. Ў акнун кўдак нест- ку!? - Аҳмад, чӣ истодаӣ? Сар кун!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё