Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳар кас, ки гул чид аз гулшани шаб,
Афтод нонаш дар равғани шаб.
Чун иқди Парвин ҳосил тавон кард,
Гар хӯша чинӣ аз хирмани шаб.
Додаст зинат хайёти қудрат
Аз тугмаи зар пироҳани шаб.
Раҳ метавонӣ бурдан ба мақсад,
Дар зерат ояд гар тавсани шаб.
Осон наёяд андар кафи кас,
Ганҷест пинҳон дар махзани шаб.
Бедор мешав, бошад, ки бинӣ
Субҳи саодат аз домани шаб!
Сад дурри қимат ояд ба дастат,
Гар роҳ ёбӣ дар маъдани шаб.
Кардаст гӯё машшотаи сунъ1
Иқди Сурайё дар гардани шаб.
Дар мулки зулфаш хоҳед рафтан,
Ғофил мабошед аз раҳзани шаб!
Ояд ба гӯшат фарёди Туғрал,
Гар баҳра гирӣ аз шевани шаб.
1 Сунъ – офариниш, эъҷоз.
Мерасад аз нола бар гардун ливои андалеб,
Шохи гул чун тахти Ҷам бошад барои андалеб.
Дар чаман имрӯз, дар дарбори шоҳаншоҳи гул
Ҳеч касро нест густохӣ савои1 андалеб!
Бо ҳама хорӣ нагардад дур аз тарфи чаман,
Офарин бар аҳди мисоқу вафои андалеб!
Гар бувад сад зеру бам дар нағма мусиқорро,
Кай нишинад дар сулуки нола ҷои андалеб?!
Боғ аз боди хазон дорад либоси мотамӣ,
Баргрезиҳои гул бошад азои андалеб.
Ҷазби маъшуқон бувад ҳар дам каманди ошиқон,
Кас набошад сӯи гулшан раҳнамои андалеб.
Ин ҳама бо ёди гул шаб то саҳар ҷон меканад,
Гар бувад сад ҷон маро, бошад фидои андалеб!
Дӯш дидам бо ҳазорон нола андар саҳни боғ,
Гар на гул раҳм оварад имрӯз, войи андалеб!
Хатм созӣ дар чаман дарси ғами ушшоқро,
Гӯш андозӣ агар бар нолаҳои андалеб.
Баски дорад нола ин ҷо ҷилваи ранги асар,
Бошадам уммедворӣ аз дуои андалеб.
Ин ҳадис, эй боғбон, аз ман бигӯ дар гӯши гул:
Раҳм мебояд кунун дар илтиҷои андалеб.
Ваҳ, чӣ хуш гуфтаст, Туғрал, Бедили баҳри сухан:
«Шарм дор аз дидани гул бе ризои андалеб!»
1 Савои – ба ҷуз, танҳо…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё