Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар кас, ки рухи ту дид, ҷоно,
Ошиқ ба ту гашт он замоно.

Мурғи дили сад ҳазор ошиқ
Дар қайди ту шуд зи баҳри доно.

Тири нигаҳат гузашт аз ҷон,
Абрӯи каҷи ту чун камоно.

Хун шуд дили мо, чаро нагӯӣ
Ҳарфе зи вафо аз он даҳоно?

Аз чини ҷабини туст маълум,
Ранҷида зи ошиқон ҳамоно.

Тасдиқ макун, тасаввуре кун
Он нуктаи мо зи душманоно.

Гашта ба ҷаҳон фасона Туғрал Бо тири маломату нишоно.

Сафои сайқали дилҳо бувад аз дидани мино,
Дами субҳи тараб як партав аз хандидани мино.

Писанд омад ба базми боданӯшон бо майи соқӣ
Туро дар интизори пунба аз cap чидани мино.

Ҳамоғӯши тавозуъ сарбаландӣ ҳар куҷо дидам
Ба соғар, хоса, аз тарзи адаб варзидани мино.

Чу моҳи осмон гоҳе шавад мамлу, гаҳе холӣ,
Барояд ҷон зи тан, ояд зи пур гардидани мино.

Китоби рамзи махмурон, ки музмар1 нуктаҳо дорад,
Бувад изҳори он мушкил ба ҷуз фаҳмидани мино.

Лаби соғар намеояд ба ҳам аз хандаи соқӣ,
Бигиряд зор шамъи маҷлис аз нолидани мино.

Тулӯи субҳи шодӣ шоми ғамро мезанад барҳам
Дами дар анҷуман, Туғрал, ба худ болидани мино.

1 Музмар – пӯшида, пинҳон.

пешина
аз 312
навбатӣ