Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар киро бошад гузар бар кулбаи аҳзони мо,
Нашканад ҷуз қурси маҳ ноне дигар аз хони мо.

То ба кай бар нағмаи носози мо гӯше ниҳӣ,
Кай ба ҷуз савти фироқ ояд дигар з-афғони мо.

Аз пари анқо талаб кун муддаои хештан,
Гар ғуборе орзу дорӣ ту аз домони мо.

Домани мо чун гуҳар назри гиребон буду бас,
Рафт чун авроқи гул ҷамъийяти сомони мо.

Ошиқонро хоксорӣ кисвати ранги вафост,
Ҷуз либоси ишқ набвад бар тани урёни мо.

Аз шикасти эътибороти ҷаҳон ғофил мабош,
Дар назар ойина бошад сурати имкони мо.

Хишти зери буқъаи мо бошад аз хоки адам,
Ваҳми ободӣ надорад хонаи вайрони мо.

Сафҳаи ҷузви дили моро, ки бешероза аст,
Лутф бошад, бигзарӣ гар аз сари нисёни1 мо.

Мадди эҳсон аст абрӯи хами пайвасти ӯ,
Туҳфа бошад пеши шамшери вай акнун ҷони мо.

Туғрал, аз домони ӯ то дасти мо кӯтоҳ шуд,
Ашки ҳасрат мечакад ҳар лаҳза аз мижгони мо.

1 Нисён – фаромӯшӣ.

пешина
аз 312
навбатӣ