Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Қомате дар зери бори ишқ хам дорем мо,
Нағмае аз сози дил бе зеру бам дорем мо.
Хоксорӣ нест кам аз дастгоҳи эътибор,
Бӯриёи фақр ҳамчун тахти Ҷам дорем мо.
Сози беоҳанги мо матбӯи табъи кас нашуд,
Ҳар чӣ меояд зи мо, бар худ ситам дорем мо.
Ҳастии мо нест ин ҷо ғайри сомони арақ,
К-аз нигини хеш ҷои ном нам дорем мо.
Гар ба мо аз ҷоми қисмат бодаи ишрат нашуд,
Шаҳди роҳат аз насиби заҳри ғам дорем мо.
Нест кирдоре, ки аз мо дастгири мо шавад,
Дасти уммеде ба домони карам дорем мо.
Аз вуҷуди мо, ки имкон нанг дорад дам ба дам,
Ҳастии оғозу анҷоми адам дорем мо.
Гар ҳамин бошад сулуки шеваи ихвони даҳр,
Кай умед аз лутфи холу меҳри ам1 дорем мо?
Сар назад бо номи мо як ахтар аз бурҷи шараф,
Толиъе з-иқболи худ бисёр кам дорем мо?
Заҳри ғам дар коми мо ҳаргиз набошад коргар,
Дар мазоқи хеш тарёке зи сам2 дорем мо.
Муддаои коми мо ҳосил нашуд аз ҳеч кас,
Ҳамчу Маҷнун оқибат аз халқ рам дорем мо.
Маҳмили мо меравад, Туғрал, ба оҳанги нафас,
То дар ин водӣ зи шавқи ӯ қадам дорем мо.
1 Холу ам – холаву амак.
2 Сам – заҳр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё