Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То зи акси хеш кардӣ сарфароз ойинаро,
Бошад андар рӯи ту рӯи ниёз ойинаро.

Дида шуд то маҳрами наззораи рухсори ту,
Ҳайрати мо кард охир турктоз ойинаро.

Шамъсон парвонаи акси худ орад дар бағал
Гар ҳамин бошад ғами сӯзу гудоз ойинаро.

Он қадар фаҳмидаам аз сурати таҳқиқи дил,
Дар ҳақиқат нест оини маҷоз ойинаро.

Кай баланду пасти олам манъи равшандил кунад?
Нест дар роҳи сафо шебу фароз ойинаро.

Аз суҷуди ҷабҳа равшан соз қалби хештан,
Як ҷаҳон дил соф бошад аз намоз ойинаро.

Он қадар аз ҷилваи теҳу1 ба ҳайрат ғӯта зад,
Арзи ҷавҳар бошад акнун чашми боз ойинаро.

Баски яксон аст дар таҳқиқ ҳусну қубҳи халқ,
Имтиёзе нест ғайр аз имтиёз ойинаро.

Нест з-ойини адаб ойина, Туғрал, пеши ӯ
Ҳамчу ҷавҳар бишканад, тарсам, зи ноз ойинаро.

1 Теҳу – бедона, вартиш.

Бурд зулфаш гарав аз мушкилам осониро,
Кард нақше ба дилам хатти парешониро.

Ғунчааш хандад агар, ҳеч набошад қадре
Пеши шафтолуи ӯ қимати хубониро1.

Гир аз турраи ӯ сархати ошуфтадилӣ,
Нест устоди дигар дарси парешониро.

Ишқ мехоҳӣ?! Шав аз банди тааллуқ озод!
Раги гул хор бувад булбули зиндониро.

Бори миннат накашад кисвати мо аз сӯзан,
Бахя ҳоҷат набувад ҷомаи урёниро.

Нест дар кулбаи мо нанги харобободӣ,
Ганҷ бисёр бувад махзани вайрониро.

Оқибат ашки ту гардад гуҳари беқимат,
Рез дар коми садаф гавҳари найсониро.

Эй ки дар сурати хубӣ зи ҳама Беҳзодӣ
Нест дар нақши ту ҳадде қалами Мониро.

Рӯзи ид аст, нишин дар бари ман як соат,
Вақфи наззора кунам дидаи қурбониро.

Кай ба силки фузало оӣ?! Надорӣ ҷавҳар!
Беш аз ин сикка мазан лофи сухандониро.

Офарин бод бар ин мисраи Бедил, Туғрал:
«Чини домони адаб кун хати пешониро!»

1 Хубонӣ – себе, ки дар навъи худ дар тамъ ва бӯй беназир аст. Ин вожаро шоирони пешин ва ҳамасрони Туғрал кам ба кор бурдаанд.

пешина
аз 312
навбатӣ