Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Дар дил хаёли он қади раъно нигоҳ дор,
Ёди парӣ намудӣ ту, мино нигоҳ дор.
Омад қумоши ҳусн ба бозори эътибор,
Савдои Юсуфаш ба Зулайхо нигоҳ дор.
Шарти такаллуфоти шараф шуд туро адаб,
Ҳар ҷо агар нишинӣ ту, он ҷо нигоҳ дор!
Гаҳ шикваи фироқ таманно кунад дилам,
Ё Раб, аз ин хаёл ту моро нигоҳ дор!
Дар муҳраҳои нарди ғами ӯст бурду бой,
Дасте бикаш зи домани ӯ ё нигоҳ дор!
Шуд сарфи мушкилоти ҷунун дарси умри ту,
Бо номи ёр як-ду муаммо нигоҳ дор!
Забти инони дил набувад, эй ҳавас, ба мо,
Моро ба мо гузору дили мо нигоҳ дор!
Чун шамъ теғи ишқ бибуррад сари туро,
Шарти мурувват аст, ту ҳам по нигоҳ дор!
Соқӣ, ба ёдгории айёми васли ӯ
Қадре зи бода дар таҳи мино нигоҳ дор.
Туғрал, хиҷил зи мисраи зебои Бедилам:
«Мушти арақ ба манъи тақозо нигоҳ дор!»
Кас набошад ба сайри ин гулзор,
То кунад имтиёзи гул аз хор.
Бар ҳусули мазореи уммед
Донаҳои сиришки ғам мекор.
Ғарра маншин, ки фитнаҳо дорад
Гардиши инқилоби лайлу наҳор!
Ҳаст дар сози ошиқон асаре,
Нест ин зеру бам ба мусиқор.
Масали даҳр хоби харгӯш аст,
Гарчи бошад ду чашми ӯ бедор.
Қуввати ҷазби ишқ меорад
Сари Мансури мо ба пои дор.
Рутбаи тахти Ҷам шавад ҳосил
Ошиқонро зи сояи девор.
Аз сари дил гузар чу ман акнун,
Орзуят бувад агар дилдор.
Сеҳри зоҳид нигар, ки мебошад
Шуъбае1 аз фусунаш истиғфор.
Баски дар зулфи шоҳидони чаман
Зада машшота обуранги баҳор,
Ҳамчу ойина дашту кӯҳу дара
Менамояд ба чашми ман ҳамвор.
Бахти бад бар сарам нишаста чунон
Ҷуғди вайрона бар сари девор.
Имтиёзе наметавон кардан
Ҳалқаи зулфи ӯ зи ҳалқаи мор.
Баски саргарми гиряи ӯям
Аз ғамаш то саҳар чу шамъи мазор,
Туғралам, маҳви мисраи Бедил:
«Ками мо ҳам мадон кам аз бисёр».
1 Шуъба – шоха, фирқа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё