Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бодаи ишқи ту дар ҳар дил агар ҷӯш кунад,
Агараш оби ҳаёт аст, куҷо нӯш кунад?!

Орзуманди висоли ту агар ҳушнок аст,
Ба яке қатраи май васли ту беҳуш кунад.

Сари худ гарчи бар афлок маҳи нав сояд,
Ҳалқаи доғи ғуломии ту дар гӯш кунад.

Тӯтии Ҳинд шакархойии лаълат бинад,
Аз хиҷолат сухани хеш фаромӯш кунад.

Чашми оҳуи ту оҳу ба Хутан мегирад,
Балки оҳу ба сияҳчашмии оҳуш кунад.

Аз қазо хатти бароти аҷал орад ҳар кас,
Чун дупайкар зи камарбанди ту оғӯш кунад.

Нахли шамшод хироми қади ӯро бинад,
Беибо саҷдаи меҳроби ду абрӯш кунад.

Хам шавад қомати ӯ чун қади Туғрал умре,
Ҳар касе бори ғами ишқи ту бар дӯш кунад.

Рангу бӯи боғи ҳуснат дар чаман шӯр афканад,
Аз даҳони ғунча лаълат хандаро дур афканад.

Ҳалқаи зулфи туро Ризвон агар бинад ба хоб,
Тавқи қумрӣ созаду дар гардани ҷӯр афканад.

Юсуфи Миср аз ҳадиси хубият ёбад хабар,
Аз хиҷолат хешро дар чоҳи дайҷур афканад.

Меҳри рӯят гар дам аз субҳи буногӯшат занад,
Фитрати хуршедро дар табъи кофур афканад.

Ҷон дамад дар қолаби ойина акси оразат,
Маҳви ҳайрат созаду лек аз хирад дур афканад.

Эй ки шавқат cap кашад аз дастгоҳи доругир,
Оташи бетоқатӣ дар қалби Мансур афканад.

Нағмаи зеру бами ишқат расад дар гӯши соз,
Шавқи оҳанги ҷунун аз тори танбӯр афканад.

Гар расад дар гӯши Исрофил ғавғои дарат,
Фаҳми маҳшар созаду аз дасти худ сур афканад.

Шарбати васлат агар дар коми махмуре расад,
Нашъаи ҷоми шароб аз чашми махмур афканад.

Раҳм кун бо Туғрали маҳзун, ки з-ойини карам
Сояи давлат Сулаймон бар сари мӯр афканад.

пешина
аз 312
навбатӣ