Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Аз нигаҳ тире ба ҷонам он камонабрӯ занад,
Шукри алтофаш маро бар тан cap аз ҳар мӯ занад.
Тоби лаъли майпарасташ қимат аз гавҳар барад,
Насх1 бозори шакарро ӯ зи гуфтугӯ занад.
Мардуми чашмаш маро аз шаш ҷиҳат тасхир кард,
Тири мижгонаш диламро ҳар дам аз ҳар сӯ занад.
Накҳати зулфаш ҳазорон дил асири худ намуд,
Ваҳ аз он ҳолат, ки дил дар ҳалқаи гесу занад!
Баҳри таъзими қадаш тӯбо саросар гашта хам,
Сарву шамшоду санавбар бар замин зону занад.
Ҳамчу дуздон бо нигоҳи худ надорад дӯстӣ,
Ошноӣ сурмаро дар наргиси ҷоду занад!
Моҳ бо рухсори ӯ, Туғрал, чӣ даъво оварад?
Партави меҳри ҷамолаш бо фалак паҳлӯ занад!
1 Насх – ботил кардан, рад кардан.
Ҳар куҷо он шӯх гар сайде ба абрӯ мезанад,
Бисмилаш чун моҳи нав бар чарх паҳлӯ мезанад.
Дӣ ба гулгашти чаман нахлаш хиром овард бор,
Қумрӣ бо ёди қадаш имрӯз ку-ку мезанад.
Наргиси масти хадангандози афсунсози ӯ
Тири оҳу аз раҳи ваҳшат ба оҳу мезанад.
Сарв агар дар боғ бинад сарви озоди туро,
Якқалам ангушти ҳайрат бар лаби ҷӯ мезанад.
Хоки поят тӯтиёи дидаи ҳар кас нашуд,
Дасти ҳасрат аз надомат сахт бар рӯ мезанад!
Бо дили садчок зери нахли шамшодам кунун,
Шона аз машшота он маҳ то ба гесӯ мезанад.
Панҷаи донишрабо бикшода аз авҷи камол,
Туғрали мо сайди маъниро чу теҳу мезанад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё