СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа
РУБОИЁТ
Баъд аз сари мо низ ҷаҳон хоҳад буд,
Ин гиряву ханда ҷовидон хоҳад буд.
Обе, ки ба ҷӯй меравад, гирён аст,
3-ин ҷӯй гузаштан ормон хоҳад буд.
Аз неруи тан ҳикояте хоҳад монд,
Аз ҳусни ҷавонӣ сурате хоҳад монд.
Бар умри гузаштаи худ афсӯс махӯр,
Аз меҳру вафо саодате хоҳад монд.
Ҳиммат сухани дастнигарҳо будаст,
Ҳотам ҳашами тангназарҳо будаст.
Он чашм, ки гуфтаанд дунёбинаш,
Кӯри худу бинои дигарҳо будаст.
Аз марг амон, ки ёфт, то ман ёбам?
Боз умри ҷавон кӣ ёфт, то ман ёбам?
Шеър умри ману паёми фардои ман аст,
3-ин беш ҷаҳон, ки ёфт, то ман ёбам?
Ҳар ошиқи булҳавас наояд ба дарат,
Ҳар лофзане намешавад ҷонсипарат.
Дар боғи ҷавонӣ нахли ишқе парвар,
Дар мавсими пирӣ соя созад ба сарат.
Шаб чашм ба роҳам печу тобам додӣ.
Бар ман сабақезисарҳисобамдодӣ,
Бар нуқлилабат умед бастам, ҳайҳот.
Аз мурғидаросмонкабобамдодӣ.
Чун лола зи дур сурхрӯӣ накунам,
Бо дилсияҳои шукуфтарӯӣ накунам.
Бо неку бади ҷаҳон дил оростаам.
Аз халқи ватан канораҷӯӣ накунам.
Субҳе зи гиребони шабам механдад,
Хуршеди ман андар талабам механдад.
Оташ ба дилам зи меҳри ӯ пеши касон
Месӯзамучун лола лабам механдад.
Чун лола агар бо дили доғе бошам.
Он беҳ, ки гиёҳи боғу роғе бошам,
Қандил нашавам ба қасри шоҳон ҳаргиз,
Дар кулбаи бенаво чароғе бошам.
Хоҳам ба мисоли оби дарё бошӣ.
Гаҳ гулшану гаҳ бодняпаймо бошӣ,
Ҷӯшиву хурӯшиву ситези аммо,
Дар тирамаҳи умр мусаффо бошӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё