Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Обам, аммо оташи сӯзон ба бар,
Дасти мардонро намебинам ба сар.
Сояи барге наафтад бар сарам,
3-ин сабаб ман белаҷому худсарам.

Ҷаҳд бошад, соҳили ман боғ буд,
Домани ман низ боғу роғ буд.
Ман намерафтам аз ин ҷо чун ғариб,
Аз ҳавои зиндагонӣ бенасиб.

Дар канорам ошиқони беқарор
Роз мегуфтанд бо ҳам шодмон.
Дасту рӯ шуста ба обам марду зан,
Оббозӣ менамудӣ кӯдакон.

Ҷаҳ-чаҳӣ мурғон дар ин ҷо, шоиро,
Бо суруди ту танинандоз буд,
Сабзаву гулҳои шабнамшустаам,
Зери поҳои ту пойандоз буд.

Лек он гоҳ, шоиро, аз назди ман
Бо дусе сатрат намерафтӣ бадар.
Коҳилӣ гар менамудӣ, бесухан,
Буд бо ту гуфтугӯи ман дигар.

СУРАТ

Ба нигоре, ки аз ин сафҳа ба ман менигарад
Ҳеҷ кас чун мани дилдода гирифтор набуд.
Ҳар яке дошт умеде дили ӯро бубарад,
Лек монанди манаш ташнаи дидор набуд.

Дар муҳаббат ба ҳама толеи хуш ёр нашуд,
Ҳеҷ кас варна чу ман ошиқи дидор нашуд.
Ба муҳобот зи чарх ахтараш орам, ки чи суд,
Рафт ӯ бо дигаре, ёри мани зор нашуд.

Нигарам сурати ӯ, ёди ман ояд ситамаш,
Солҳо рафтаву доғаш наравад аз дили ман,
Ин варақ пеши назар оварадам он оташ,
Ки дар он сӯхт ҳама кишти ману ҳосили ман...

Боз дил додаву ошиқ шавам, аммо ба ҷаҳон
Ба чунин сӯз дигарбора тапидан нашавад.
Бо пару боли муҳаббат, ки буридаст нигор
Метавон зист, вале ҳеҷ паридан нашавад.

пешина
аз 39
навбатӣ