Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър

Замин сабзу само нилуфарӣ буд,
Табиат ҳамсадо шуд бо дили ман.
Мисоли сабзрӯде мехурӯшам,
Замину осмон — ду соҳили ман.

Ҳавои кӯдакӣҷӯям баҳорон,
Ба рӯи одамон бекина хандам.
Гурезам боз аз мактаб ба саҳро,
Барои духтарон гултоқӣ бандам.

Нигоҳи меҳрубоне ҷӯям имрӯз,
Сари девори ӯ то лола бошам.
Зи нав дар сина ҷӯшад орзуям,
Ки дигарбора ҳаждаҳсола бошам.

Ба истиқболи мурғони баҳорӣ
Ҳамехонам суруди ошиқона.
Ҳамесӯзам ба мисли мурғи оташ,
Ки аз ишқу ту монад ин фасона.

Баҳор, эй гулбаҳори зиндагонӣ,
Баҳори ишқу уммеду амонӣ,
Ман аз ту ёфтам худро дигар бор,
Ман аз ту ёфтам аз нав ҷавонӣ,


Хотироте зи рӯзҳои дур
Менамоянд ҳар нафас сад роз
То набошад ҳама фаромӯшам,
Рафтаро ёд оварандам боз.

Селаи рӯзҳои бигзашта
Менамоянд дар назар такрор.
Лек чашмони боғбон бинад
Фарқи гулҳои ин баҳор аз пор.

Чист ҳар рӯзи рафтаам? — Ибрат,
Сабақу дарсу огаҳӣ будаст,
Додам аз даст ҳар баҳорамро
Бо умеде, баҳори дигар ҳаст.

Дар раҳи қуллаҳои дур имрӯз
Ҳар хато як аломати роҳ аст.
Як нишоне зи танбеҳи сахте,
Як хитобе ба ҳар гузаргоҳ аст.

аз 39
навбатӣ