Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

то он сарвати пинҳон кардаашро бигирад, аммо он марди чӯпон ҳам дар ҳарисӣ аз вай монданӣ набудаст, магар, ки мӯйсафедро имкон намедиҳад. Назарбой баргашта ба водӣ меояд, вале дигар осоишашро гум мекунад. Ӯ пас аз ҳафтае ё бештар дигарбора азми кӯҳистон мекунад. Ба ҳавлии худ ворид мегардаду мебинад, ки дар зинхона охури аспро вайрон карда, аз нав сохтаанд… Ғолибан, гирди охури асп гаштани ӯро чӯпон пай бурда будаст.
Назарбой баргашта назди аҳлу аёли худ меояд ва ҳафтае аз миён гузашта-нагузашта риштаи ҳаёти мӯйсафед канда мешавад. Баъзеҳо мегӯянд, ки миёни вай ва чӯпон гуфтугозоре аз ваҷҳи он сармоя ба вуқӯъ омада, аммо ин ҷиҳаташ барои мо аҳамияте надорад.
Ин ҳодисаро ман ҳар замон меандешаму ба дил мегӯям: Ҳама кори дунё мантиқею низоме дорад, фақат мардуми бебасар гумон мебаранд, ки чаҳор сӯй ҳарҷу марҷ асту дӯлобкорӣ.


Ман аз он дар аҷабам, ки баъзе адибони ҷавони мо ду-се китобе ба нашр мерасонанду дар мақолаҳояшон беибо, боре эҳтимол нагуфта баҳои осори ҳамқаламони худро “муқаррар” мекунанд. Пай бурдан мушкил нест, ки аксар ҳангом онҳо ба ҳамин усул санги дигаронро паст зада, санги ман — сад ман гуфтан мехоҳанд. Онон усули дигари таскину тасаллии худписандиро ҳанӯз пай набурдаанд. Барои адиби ҳақиқӣ ҳаками муътабартар аз китобхон нест ва китобхони соҳибтаҷриба ба инчунин маҳ-маҳу баҳ-баҳҳо коре надорад, ҳукми ӯ қатъист: аз китоби адиб манфиате бардошт ё не, навиштаҳои ӯро минбаъд ҳам мехонад ё ба хондан намеарзанд.
Фақат устодони аз тарафи умум эътироф гардида ҳақ доранд, ки роҷеъ ба осори адабӣ қатъӣ доварӣ кунанд.
Адиб бояд, ки дар зиндагӣ ҷасур бошад, аммо гус-

пешина
аз 393
навбатӣ