Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

низ ҳақдор аст, ки аз ҷамъият дар нисбати як фарди оддӣ бештар талаб кунад. Ҳунари адиби ҷодусуханро барои корҳои камарзиш харҷ кардан далели кӯрдилию зиёнкорӣ аст. Охир, бесабаб нагуфтаанд: “Бӯрёбоф агарчи бофандаст, набарандаш ба коргоҳи ҳарир”.
Бешак, ба мардуми ҳунарвару соҳибистеъдод ҳамкорӣ ва раҳбарӣ ҳам кори саҳлу осон нест, фазлу ҳунар ва дили бузург даркор аст. Вақте, ки шахси соҳибҳунар бо атрофиёни худ мувофиқат надорад, он ҷамъиятро боист, ки бо ӯ роҳи ҳамкорию созгорӣ биҷӯяд.
Пушкин навишта аст: “Даҳо ва нобакорӣ ду мафҳуми ба ҳам номувофиқанд”. Яъне, ҳунарвари бузург инсони нобакор, мунофиқ ва бадаъмол буда наметавонад.
Ва агар аз ҳунарвар чунин корҳо зоҳир гардад, ӯ бешак ҳунарвари асил нест, ва ё баъди чунин рафтор ӯ ҳисси эҷодкории худро мекушад ва дигар асари шоистае офарида наметавонад.


— Пули шеър нағз аст, барои чӣ шумо шеърнависиро бас кардед? — мепурсид як нафар рафиқе, ки дар кори нашриёт мӯяшро сафед кардаст.
Ба кӣ исбот кунам, ки ба арсаи адабиёт қадам ниҳода ман ба рӯзгори пурнеъмат, пулу мол, шукӯҳу дабдаба хайрбод кардам. Агар гӯям, ки адабиёт фидокорӣ мехоҳад, аксар ин суханро хитобан пуч мепиндоранд. Аз пули адабиёт дар кишвари мо ҳеҷ адибе давлатманд нагаштааст.


Дар Тоҷикистон кӣ беҳтар зиндагӣ мекунад? Аҳли мансаб ва тиҷорат. Ва ҳарду табақа низ бар асари дуздӣ, ришва ва ҳаромхурӣ рӯзгори осуда доранд. Аммо ин тоифа каммаърифатанд ва аз оқибати корҳо намеандешанду имону инсоф ба боди фано медиҳанд ва оқибати нохушро, сабаб чист харгиз идрок намекунанд. Шайх фармудааст:

пешина
аз 393
навбатӣ