Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамчунон дар тӯйҳо баъзан шахсони соҳибэътибор сухане чанд ба табрику таҳният гуфтан мехоҳанду худ бехабар нодонӣ, безавқӣ, аз китобу адабиёт, маърифату маданият солҳои бисёр дур ва бехабар мондани худро бо нахустин каломи худ фош месозанд.
Забони фасеҳи тоҷикӣ низ монанди ҳамаи забонҳо ҳамвора дар рушду камол аст ва нутқи касоне, ки дар солҳои панҷоҳум ё шастум китобе хонда буданд на фақат аз ҷиҳати луғот, балки аз рӯи услуб худ далолат мекунад, ки шахс дар солҳои охир аз китобу илму адаб чи қадар баҳрабар будаст. Бузургони мо бесабаб нагуфтаанд:
“Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад”.
Ҳар як инсони бамаърифат қабл аз ҳама забони модарии худро бояд, ки саҳеҳ донад, дар ин забон озод сухан гуфта ва навиштан тавонад, аз сарвати он баҳравар бошад, аз осори лафзӣ, классик ва аз эҷоди адибони имрӯзи он нек бархурдор бошад. Бебаҳра аз сарвати забони модарии худ забони миллати дигареро омӯхтан мумкин аст, вале ба балоғату нафосати он пай бурдан натавон. Аз ин ваҷҳ он падару модароне, ки фарзандони худро аз хурдӣ ба омӯхтани забонҳои дигар машғул карда аз сарвати забони модарӣ бенасиб месозанд, сахт хато мекунанд. Агар каломи оҳангдори модарӣ аз кӯдакӣ сарвати маънавии инсон набошад, рангу бор, тобишҳои гуногуни он ӯро мафтун насозад, завқ ва биниши ӯро парвариш накунад, инчунин инсон дар зиндагӣ аз хеле хушбахтӣ бенасиб хоҳад монд.
Аз боби китобҳои дарсхонӣ доири забони модарӣ айёми охир бисёр сухан гуфта шуд ва эродҳое, ки аҳли маънӣ ба ин китобҳо баён кардаанд, асосан дурустанд.
Китобҳои дарсии моро бештар шахсони ба ин кор нотавон тартиб додаанд. Қоидаҳои муғлақ, калкаи забони русӣ, мисолҳо намунаи забони харобу безавқу беназокат, машқҳо берӯҳ… Намедонам, маблағҳои фонди забони азиз, ки имрӯз таъсис мешавад, барои ривоҷи он харҷ мешавад ё не. 1983

пешина
аз 393
навбатӣ