Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
адабиёти рус ҳамагӣ 14-15 сол қабл аз ин, балки сонитар, баъди интишори романи “То зиндаӣ фаромӯш макун” ном бардошт. Чӯбак романи “Санги сабур”-ро соли 1967 интишор кардааст. Ба ин тариқ фаврӣ бо эҷоди як тан адиби ҷавони рус ошноӣ ёфтани адиби Эрон агарчӣ андаке муболиғаомез ҷилва мекунад, ҳақиқати воқеъ аст.
Романи Чӯбакро ман аз чандин ҷиҳат андешидам ва оқибат онро дар паҳлӯи “Мастер и Маргарита”-и Булгаков ҷой додам. Ин ду китоб аз хеле ҷиҳатҳо бо якдигар ҳамсарӣ доранд.
Бо ин ҳама, ман ба дӯстон гӯшзад карданиам, ки айёми охир дар насри форсу турк, ҳинду араб асарҳое арзи вуҷуд кардаанд, ки ҳам аз ваҷҳи сабку услуб ва ҳам аз ҷиҳати маънию матлаб дар силки осори тозаасос ва навгувори ҷаҳони имрӯзӣ қарор мегиранд. Рӯи суханам ба ҷониби он касоне, ки адибони ин кишварҳоро побанди анъанаи қадим ва сабки романнигории классикӣ меҳисобанду осори ононро саросар мураккаб аз сюжету конфликтҳои бофта ва романтикаи авомфиреб мешуморанд.
Айёми охир аз хусуси истифодаи ривояту қиссаҳои пешин дар наср бисёр сухан мекунанд. Ақидаи ман ин аст, ки ба тарзи нав ба кор бурдани ривояту қиссаҳои пешин далели кор аст, ки на ҳама ҳикмати фаромӯш барои имрӯзи башар ба кор меоянд. Агар ривояти пешин бори имрӯзро накашад, ба он даст задан камоли соддагӣ аст. Тариқи ба кор бурдани ривоятҳои пешинро ҳар як адиб мебояд барои худ дарёб созад.
Ман орзу дорам аз ишқу ошиқии одамони замони мо қиссае бинависам. Ҳар як асру замон “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Ромео ва Ҷулеттаи” худро дорад. Дар ин китоб орзумандам, таъсири рӯҳи романтикии ишқро бо реализми имрӯзӣ омезиш диҳам ва мувофиқати ин ду усулро муваффақ бошам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё