Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мекунад. Қабл аз интишори он муҳаррири китобро ҳатто ба идораи Главлит даъват карданд — онҳо ҳам ба мазмуну матлаби он пай набурдаанд. Чи мегӯед, ки имрӯз номи муаллифи он китоб дар радифи адибони комёб зикр шуд. Ҳол он, ки он китобро ҳеҷ кас нахондааст ва хондан ҳам номумкин аст.
Ҳоло аз бепарвоӣ ё бувуқуфии баъзе раҳбарони матбуот тарғиби китоб хеле суст гаштааст. Агар ба китобе тақризе ба нашр расад ҳам, он холисона нест, ҷӯра ва ё аксар ҳамдиёри адиб китоби ӯро зӯр мезанад то таъриф кунад. Баъд адиби камҳунар бо он ҳама чормағзи пуч доман пур мекунаду худро пайғамбар метарошад.
Борҳо хондаем, ки ҳамдиёрон аксаран халтураи ҳеҷу пучи якдигарро ситоиш мекунанду мардуми камхирад ва содалавҳро бовар кунонданӣ мешаванд. Аммо ин навъ мунаққидон фақат адиби хушбоварро мефиребанду бас.
Бо хеле адибони ҷавон ҳамин ҳолат рух дод. Фарзона аз ин миён истисност. Мусаввадаи китоби ашъори тозаи ӯро барои ба нақша гирифтан дар нашриёт ман хондам.
Шоире расидааст, ки бе муболиға бо Симину Фурӯғ паҳлу мезанад. Ба қавли шоира бовар накардан натавон:
Ватан рӯзи фирӯзи ту мерасад.
Ватанхоҳи дилсӯзи ту мерасад, Ватан, офтоби ту мебишкуфад, Ватан, боз наврӯзи ту мерасад.
Ба гумонам, шеъри Фарзонаро аз ҳамдиёронаш касе ситоиш накардааст. Шеъри ӯ ҳамон мушкест, ки худ мебӯяду ба фарёди аттор эҳтиёҷ надорад. Чаро дар ҳунар ва хоксорӣ аз ӯ ибрате намегиред, дӯстони ҷавон!
Ба истиқболи анҷуман дирӯз дар рӯзномаи “Паёми Душанбе” мусоҳибаи Равшани Ёрмуҳаммад нашр шуд.
Равшан, ки синнаш зери панҷоҳ аст, акнун як китобаке чоп кардаст, “Шаҳбузи сафед” ва соли 1990 ба узвияти ИН қабулаш кардаанд. Агар ӯ бисту панҷсола мебуду

пешина
аз 393
навбатӣ